Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМИИ УНВОНҶӮЙ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМИИ УНВОНҶӮЙ

by admin
19 views
Имрӯз (07.05.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯйи кафедраи математика ва методикаи таълими они факултети физика ва математика Сатторов Қобилҷон Абдулҳакимович дар мавзуи “Назорат ва идоракунии тайёрии касбии донишҷӯёни самти математика дар муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ дар шароити муосир”, бо роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сатторов Абдурасул Эшбекович баргузор гардид.
Дар муҳокима роҳбари илмии унвонҷӯ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сатторов Абдурасул, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, декани факултети физика ва математика, дотсент Самариддинова Зайнаб, мудири кафедраи мазкур, дотсент Сироҷиддини Давлаталӣ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис, дотсент Сироҷиддини Давлаталӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сафарзода Мунир ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ниёзов Ҷонмаҳмад баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Сатторов Қобилҷон бо дарназардошти тавсияҳо анҷом ёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Сатторов Қобилҷон ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment