Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
17 views
Дар таърихи 07.03.2025 дар маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети филологияи хориҷӣ бо иштироки сармутахассиси марказ Ғаниев Фирӯз, ассистенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Яқубзода Довуд, мутахассиси марказ Сафарзода Сироҷиддин ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии сармутахассиси марказ Ғаниев Фирӯз оғоз гардид.
Сипас, донишҷӯи курси 2-юми факултет Наргиси Одил дар мавзуи “Фарҳанг ва забони Хитоӣ”, донишҷӯи курси 1-уми факултет Назарзода Зиёвуддин дар мавзуи “Донишгоҳи Конфутсий”, донишҷӯи курси 2-юм Сафаралиев Муҳаммад дар мавзуи “Таърихи Хитой” маърӯзаҳои худро баромад намуд.
Дар бахши музокирот атрофи мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.

Related Articles

Leave a Comment