Санаи 19.02.2025 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он мизи мудаввар дар мавзуи “Ташаккули тарбияи ҷисмонӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, дотсент Навруз Носирӣ, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Султонзода Исмоил ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Навруз Носирӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки “Тарбияи ҷисмонӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бояд бо усулҳои муосир ва технологияҳои нав мутобиқ гардонида шавад. Ҷавонони имрӯзаро бояд ҳамчун қувваи пешбарандаи миллат омода намуда, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди Ватан тарбия кард”. Дар идома мудири кафедра, Султонзода Исмоил суханронӣ намуда, аҳамияти тарбияи ҷисмонӣ ва рӯҳияи ватандӯстиро дар ташаккули насли ҷавон таъкид кард. Зикр намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва омодагии дифоии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки таълим мебошад.
Сипас, муалимони калони кафедра Каракулов Алоудин дар мавзуи “Нақши фанни тарбияи ҷисмонӣ дар тарбияи наврасону ҷавонон” ва Саидов Парвин дар мавзуи “Ташаккули тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сифатҳои ватанпарастии ҷавонон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами мавзуи баррасишаванда идома ёфта, дар фазои озоду созанда анҷом ёфт.