Home ХАБАР АДАБИЁТ-ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО: ВОХӮРИИ ШОИРИ ТОҶИКТАБОРИ УЗБЕКИСТОН САОДАТ САТТОРӢ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

АДАБИЁТ-ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО: ВОХӮРИИ ШОИРИ ТОҶИКТАБОРИ УЗБЕКИСТОН САОДАТ САТТОРӢ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

by admin
27 views

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки шоир ва нависандаи тоҷиктабори Ҷумҳурии Узбекистон Саодат Сатторӣ ҳамоиши адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ҳадафи арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки адабию фарҳангии халқҳои тоҷику узбек, таҳкими робитаҳои адабӣ ва муаррифии эҷодиёти адибони тоҷиктабори кишвари ҳамсоя доир шуда, дар он намояндагони аҳли адаби минтақа, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ҳайати раёсати ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб, шоир ва нависандаи тоҷиктабори Ҷумҳурии Узбекистон Саодат Сатторӣ ҳузур доштанд.

Барномаи чорабинӣ бо гулгузорӣ дар назди муҷассамаи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз ёфт. Ин иқдоми рамзӣ ифодагари эҳтиром ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва бузургдошти шахсияте буд, ки бо каломи ҷовидонаи хеш на танҳо адабиёти тоҷик, балки фарҳанги башариро ғанӣ гардонидааст.

Сипас меҳмонон аз намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои илмию таълимӣ, китобу осори таълифнамудаи устодону кормандони донишгоҳ, ки дар даромадгоҳи бинои асосӣ ташкил шуда буд, боздид намуданд.

Қисмати асосии ҳамоиш дар толори фарҳангии донишгоҳ идома ёфт.

Ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, баргузории чунин мулоқотҳоро дар таҳкими робитаҳои адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон муҳим арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маориф, фарҳангу адабиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҳамзамон, сиёсати сулҳҷӯёна, дарҳои боз ва муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба, бахусус робитаҳои фарҳангиву адабӣ, заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Таъкид шуд, ки дӯстии халқҳои тоҷику узбек решаҳои амиқи таърихӣ дошта, дар тӯли асрҳо бар пояи ҳамзистии осоишта, арзишҳои муштараки маънавӣ, забону адабиёт ва суннатҳои неки инсонӣ ташаккул ёфтааст. Имрӯз низ адабиёт ҳамчун забони умумии қалбҳо дар таҳкими ин дӯстӣ ва наздикшавии наслҳо нақши муассир дорад.

Ректори донишгоҳ ҳамчунин аз фаъолияти маҳфили адабии «Парвози шоҳин», ки дар назди кафедраи адабиёти тоҷик амал мекунад, ёдовар шуда, нақши онро дар тарғиби адабиёти миллӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон, рушди завқи бадеӣ ва тарбияи маънавии донишҷӯён муҳим арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки дар доираи маҳфили мазкур то имрӯз мулоқоти устодону донишҷӯён бо як қатор адибони маъруфи кишвар, аз ҷумла Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Маҷид Салим, Сипеҳр Ҳасанзод, Хосият Вализода, Файзи Ашӯр ва Давлати Раҳмониён баргузор гардидааст.

Сипас, меҳмони ҳамоиш Саодат Сатторӣ ба сухан баромада, дар бораи рӯзгор, фаъолияти омӯзгорӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва роҳи эҷодии худ андешаҳояшро баён намуд. Ӯ аз таҷрибаи фаъолияти чандинсолаи омӯзгорӣ ва роҳбарӣ дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Узбекистон ёдовар шуда, оид ба ҷойгоҳи забони модарӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нақши адабиёт дар тарбияи насли наврас ибрози назар кард.

Саодат Сатторӣ 22 январи соли 1967 дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми таҳсилоти миёна ва омӯзишгоҳи мусиқӣ фаъолияти меҳнатии худро аз омӯзгорӣ оғоз намуда, соли 2003 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраевро бо ихтисоси «Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ» бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои минбаъда дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Сариосиё фаъолият намуда, аз соли 2020 то имрӯз роҳбарии Мактаби таълими ҳамагонии №82-и ноҳияро ба уҳда дорад.

Хидматҳои шоистаи ӯ дар соҳаи маориф ва фаъолияти ҷамъиятӣ бо як қатор унвону ҷоизаҳо, аз ҷумла унвони «Аълочии халқии республика», нишони сарисинагии «Сӣ-солагии Ӯзбекистон» ва унвони «Фидоии роҳи таълими Ӯзбекистон» қадрдонӣ шудаанд.

Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, Саодат Сатторӣ ба эҷодиёти адабӣ низ таваҷҷуҳи хос дорад. То имрӯз аз қалами ӯ рисолаи дастурии «Дарс ва намудҳои он» (2019), маҷмӯаҳои шеърии «Субҳи Саодат» (2020) ва «Пайроҳаи сабз» (2023), инчунин маҷмӯаҳои насрии «Дидор» (2022) ва «Духтари сеюм» (2024) ба табъ расидаанд.

Дар идомаи суҳбат шоир доир ба муҳтавои осори худ сухан гуфта, бо қироати намунаҳо аз ашъор ва ҳикояҳояш ҳозиринро бо ҷаҳони эҷодии хеш ошно намуд.

Махсусан, қисса ва ҳикояҳои ӯ, ки масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявиро фаро мегиранд, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб карданд.

Дар маҷмуъ, осори Саодат Сатторӣ хонандаро ба андеша, худшиносӣ, қадршиносии некиву накукорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ раҳнамун месозад.

Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба сухан баромада, баргузории чунин маҳфилҳои адабиро дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва густариши робитаҳои фарҳангии ду кишвар иқдоми арзишманд маънидод кард.

Устод бо ишора ба пайвандҳои таърихиву адабии ду миллат таъкид намуд, ки дӯстии халқҳо танҳо дар доираи муносибатҳои расмӣ маҳдуд намешавад, балки пеш аз ҳама дар муоширати самимии аҳли илму адаб, эҳтироми забону фарҳанг ва шиносоии мардум бо арзишҳои маънавии якдигар устувор мегардад. Ба таъкиди мавсуф, шоирону нависандагон бо неруи сухани созанда метавонанд дар таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва дӯстии халқҳо саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамчунин, аз аҳамияти чунин мулоқотҳо дар бедор намудани завқи китобхонӣ, тақвияти муҳаббати ҷавонон ба адабиёти миллӣ ва фароҳам овардани имкони табодули таҷрибаи эҷодӣ ёдовар шуда, ба меҳмони ҳамоиш барои фаъолияти пурсамари омӯзгориву эҷодӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Инчунин Холиқзода Сафар, дотсенти донишгоҳ, доир ба ҷойгоҳи адабиёт дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи халқҳо ва аҳамияти омӯзиши осори адибони муосир андешаронӣ кард.

Ҳамзамон, шоирон Одина Раҳмон, Абдуқаҳҳори Мусо ва Нуралӣ Яъқуб ба сухан баромада, намунаҳо аз эҷодиёти худро қироат намуданд. Шоирон бо арзи эҳтиром ба меҳмони маҳфил нусхаҳои китобҳои тозанашри худро ба Саодат Сатторӣ тақдим карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба меҳмони гиромӣ Саодат Сатторӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар баргузории маҳфили адабӣ сипоснома тақдим карда шуд.

Related Articles

Leave a Comment