Home ХАБАР НАСЛИ ИСТИҚЛОЛУ СУЛҲУ ВАҲДАТЕМ, ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

НАСЛИ ИСТИҚЛОЛУ СУЛҲУ ВАҲДАТЕМ, ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

by admin
9 views

Имрӯз дар кӯдакистони «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади тарбияи ватандӯстию хештаншиносӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангию тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҳамоиш тарбиятгирандагон бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, сулҳу субот ва Парчами миллӣ садоқати худро ба арзишҳои истиқлолият баён намуда, фазои идонаро бо суруду таронаҳои ватандӯстона рангин сохтанд.

Баргузории чунин маҳфилҳои маърифатӣ дар муассисаҳои томактабӣ барои дар замири насли наврас ҷой намудани меҳру муҳаббат ба муқаддасоти миллӣ ва шинохти рамзҳои давлатӣ нақши калидӣ дорад. Маҳз аз ҳамин синну сол дар шуури кӯдакон ҳисси ифтихор аз ватандорӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат ва эҳтиром ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул меёбад, ки ин омил барои ба камол расидани насли созанда, худшинос ва содиқ ба Ватан заминаи устувор мегузорад.

Related Articles

Leave a Comment