10 ноябри соли 2026 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи забони муосири рус конференсияи шаҳрии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Хусусиятҳои нутқи русӣ дар соҳаи воситаҳои ахбори омма ва иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ Саидова Нилуфар ба аҳамияти омӯзиши хусусиятҳои забони русӣ дар фазои иттилоотии кишвар, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди фарҳанги нутқ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро барои таҳкими робитаи илм бо амалияи рӯзноманигорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати забонӣ муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи жуналистика Худойдодова Шарофат дар мавзуи “Речевые ошибки в медиатекстах: типология, причины возникновения и пути повышения качества”, дотсент, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус Ғуломова Садбарг дар мавзуи “Роль электронных научных журналов и социальных сетей в популяризации творчества И.А. Бунина”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони муосири рус Ҷумаева Дилором дар мавзуи “Динамика развития русского языка в информационном пространстве Республики Таджикистан” ва ассистенти кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус Бобоева Саида дар мавзуи “Специфика русской речи в печати и электронных СМИ Таджикистана” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Маърӯзакунандагон дар баромадҳои худ масъалаҳои муҳими марбут ба риояи меъёрҳои забони русӣ дар матнҳои расонаӣ, сабабҳои пайдоиши ғалатҳои нутқӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо, нақши шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҷаллаҳои илмии электронӣ дар паҳн намудани дониш ва осори адабӣ, инчунин равандҳои рушди забони русиро дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар қисмати ҷамъбастии конференсия мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён атрофи масъалаҳои баланд бардоштани сифати забонии матолиби расонаӣ, истифодаи дурусти имкониятҳои забони русӣ дар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, масъулияти рӯзноманигорон дар риояи меъёрҳои забонӣ ва таъсири муҳити рақамӣ ба рушди забон табодули назар карданд.
