Home ХАБАР ОҒОЗИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

ОҒОЗИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
13 views

Санаи 9-уми ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон дар ҳамкорӣ бо садоратҳои факултетҳо конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии донишҷӯёни донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисосҳои алоҳида ва панҷуми ихтисосҳои ҳамгиро ба таҷрибаомӯзии педагогӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс сардори раёсати таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ Саидзода Қурбоналӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Шарипов Назрулло, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, методистон ва донишҷӯёни сафарбаршаванда иштирок намуданд.

Сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ зимни сухани ифтитоҳӣ таҷрибаомӯзии педагогиро ҳамчун омили калидии ташаккули шахсияти касбӣ ва маҳоратии омӯзгорони оянда арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки таҷрибаомӯзӣ на танҳо марҳилаи амалисозии донишҳои назариявист, балки мактаби воқеии омӯзгорӣ мебошад, ки дар он донишҷӯён масъулият, эҷодкорӣ ва муносибати инсондӯстона ба таълимро меомӯзанд.

Сипас, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Шарипов Назрулло ва ҳуқуқшиноси донишгоҳ Назаров Бахтиёр талаботи низомнома ва тартиби гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогиро тавзеҳ дода, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки бо масъулият, эътибор ва эҳсоси ватандорӣ ин марҳиларо паси сар намоянд.

Дар қисми хотимавии конфронс миёни донишҷӯён ва методистон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва баррасии масъалаҳо баргузор гардид, ки фазои ҳамкорӣ ва ҳамфикриро дар раванди таҷрибаомӯзӣ боз ҳам мустаҳкам сохт.

Related Articles

Leave a Comment