Home ХАБАР ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК, МАРҶОНА!

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК, МАРҶОНА!

by admin
134 views
    Санаи 9-уми октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Сангбардорӣ” дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа Марҷонаи Савзалӣ донишҷӯи курси 4 уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок варзида сазоворӣ ҷойи аввал гардид ва бо диплом ва медали таъсисдодаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment