Home Без рубрики ПЕШВОЗИ САЗОВОРИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

ПЕШВОЗИ САЗОВОРИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

by admin
4 views

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ имрӯз (25.11.2024) садорат ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Дустаҳмадзода Зиёвуддин, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултетро бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.

Лозим ба таъкид аст, ки санаи 23-юми ноябри соли 2024 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Шарафи бузург ва ифтихори фаровон аст, ки дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 3 ҷойи намоён (1 ҷойи якум дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”) ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нуфузи Донишгоҳро баланд бардоштанд, ки Дӯстаҳмадзода Зиёвуддин аз ҷумлаи онҳо буда, дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардидааст.

Ба ин муносибат, дар толори шурои олимони факултет ҷамъомад баргузор гардид. Дар идома садорати факултет ва устодону омӯзгорон ба сухан баромада, ғолиб ва роҳбарашро барои расидан ба ин муваффақияти назаррас табрик намуда, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд.

Дар идома ғолиби озмун миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳату ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ба раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  ва садорату ҳайати устодону омӯзгорони факултет барои дастгириҳои ҳамешагӣ ҷиҳати омодагӣ ба озмун изҳори миннатдорӣ намуд.

Related Articles

Leave a Comment