Home ХАБАР ИШТИРОКИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

ИШТИРОКИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

by admin
149 views

Субҳи 21-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб  дар доираи рӯзи ҷавонон дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки Роҳбарияту кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, варзишгарон, наврасону ҷавонон, ташкилоту муассисаҳо, ки бештар аз 6 ҳазор нафарро ташкил медод, баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ  раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр  дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд гардид, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар «Рӯзи дави миллӣ» бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.

Дар мусобиқаи мазкур омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа Баёнзода Сиёвуш, донишҷӯи курси чоруми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии донишгоҳ дар давидан ба масофаи 3000 метр сазовори ҷойи якум гардид.

Ҳамзамон сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Амиров Файзуллохуҷа ва номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Абдулазизов Абдулҳаким барои иштироки фаъолона бо Диплом сарфароз гардонида шуданд.

Related Articles

Leave a Comment