Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

by admin
98 views

Санаи 11.01.2024 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи номзадии муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими он- Ҳусайнов Руҳулло Салоҳиддинович, дар мавзуи “Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар инкишофи донишҳои риёзӣ дар асрҳои миёна” зери роҳбарии илмии доктори илмҳои физикаю математика, профессор, директори Институти илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав- Комилӣ Абдулҳай Шарифзода, баргузор гардид.

Дар кори муҳокима Ғуломов Ислом-профессори кафедраи математика ва методикаи таълими он, Сатторов Абдурасул-профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Комилӣ Абдулҳай-профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Болтаев М.А. — номзади илмҳои химия, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳ, Сироҷиддини Давлаталӣ, дотсент мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Назаров Бахтиёр — номзади илмҳои таърих, дотсенти Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло ва Сироҷиддини Давлаталӣ, дотсент мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими он Ҳусайнов Руҳулло бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба онҳо дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment