Home ХАБАР ДОНИҶӮЁНИ КУРСҲОИ ЧОРУМ ВА ПАНҶУМИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

ДОНИҶӮЁНИ КУРСҲОИ ЧОРУМ ВА ПАНҶУМИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

by admin
103 views
Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣбо садоратҳои факултетҳои донишгоҳ санаи 06.10.2022 конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷумро дар факултетҳои мухталифи донишгоҳ: омӯзгорӣ ва фарҳанг, филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи хориҷӣ, филологияи рус, физика ва математика, таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ, тарбияи ҷисмонӣва омодагии дифои ҳарбӣ доир намуд. Дар кори конференсия роҳбарони таҷрибаомӯзии донишгоҳ, садорати факултетҳо, методистони тахассусӣ ва донишҷӯёни ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаршаванда иштирок намуданд.
Дар суҳбат бо таҷрибаомӯзон таъкид гардид, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ аз муҳимтарин воситаи тайёрии касбии донишҷӯён ба касби интихобнамудаашон- омӯзгорӣ ба шумор меравад. Мақсад аз таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили таълим бар он равона гардидааст, ки донишҷӯён (ҳамчун мутахассисони оянда) дар раванди таълиму тарбия дар мактаб донишҳои илмӣ-назарии аз рӯи ихтисос азбарнамудаашонро, инчунин малакаҳои андухтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд.
Ҳамзамон дар идомаи суҳбат ба донишҷӯён вазифа ва уҳдадориҳои донишҷӯ дар раванди таҷрибаомӯзӣ фаҳмонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment