Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПАДАРУ МОДАРОН

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПАДАРУ МОДАРОН

by admin
108 views
 Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрисро фароҳам оваранд. Чунки дар ҳама давру замонҳо илмомӯзию маърифатпарварӣ аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор меравад.
Вобаста ба ин масъала имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Кумитаи падару модарони донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа декани факултет Расулова Лутфия, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултет, Холматов Баҳром, сардориРаёсати тарбияи донишгоҳ, Гулов Рустам, ҷонишини декан оид ба тарбия, Ҳакимов Абдуразоқ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, Сафаров Мунир, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг ва падару модари донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Нахуст, декани факултет Расулова Лутфия сухаронӣ намуда, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшиданд. Зимнан дар сӯҳбат бо падару модарон таъкид гардид, ки ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем, аммо бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гуна муносибате, ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт ҷоҳилӣ хулқаш мегардад.
Дар охир падару модарон аз рафти дарси донишҷӯён ва шарту шароитҳое, ки донишгоҳ барои онҳо муҳаё кардаанд, дидан намуданд. Инчунин, аз таҳсили фарзандонашон пурсон шуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.

Related Articles

Leave a Comment