Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
157 views
Санаи 6-уми сентябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таъри ва методикаи таълими таърихи факулетети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ конференсияи илмӣ — назариявӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди манфиатҳои миллӣ» бахшида ба 32-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Пеш аз оғози конференсия асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони соҳавии ректор ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек баромад намуда, ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрик гуфта, аз бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан донишгоҳ ёдоварӣ намуданд. Мавсуф зикр намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ пояҳои иқтисодии мамлакат хеле устувор гашта, дар арсаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ шинохта шуд. Истиқлолияти давлатӣ ба сокинони шарафманди Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамаи мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила бартараф намуда, шароити мусоиди зиндагиро барои худ фароҳам оваранд.
Бо баракати Истиқлолияти давлатӣ шароити таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои илмӣ -педагогӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст.
Сипас Муродова Гулчеҳра, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент дар мавзуи “Дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ”, Яқубзода Фируз, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи “Соҳибистиқлолӣ ва рушди давлатдории дунявӣ”, Шоҳинов Ҳасан муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзуи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он», Некрӯзи Маҳмадхоҷа ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи «Истиқлолияти сиёсӣ тамоюли асосии рушди давлатдории миллӣ дар замони муосир» баромад намуданд.
Дар охир омӯзгорон Зайналов Қурбон ва дотсент Холиқов Сафар дар бахши музокирот баромад намуданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки «Гарчанде Истиқлолияти давлати мо ҷавон аст, аммо корнамоиҳои далеронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар таърих бо ҳарфҳои заррин ифшо гардиданд. Ва аз муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллатамон, ки дар роҳи вахдату озодӣ, истиқлоли сарзамини тамаддунофар қурбониҳо кардаанд, моро ба Истиқлолияти давлатӣ расонидааст. Истиқлолияти давлатии мо рангест, тобанда чун рангҳои парчамамон, озодиест барои миллат ва мамлакат, соҳибихтиёриест баҳри ватандорони ватандӯст».

Related Articles

Leave a Comment