Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

by admin
205 views

Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 2-юм то 9-уми апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» барпо мегардад.

Дар ин баробар имрӯз дар театри давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода чунин фестивал барпо гардид. Намоиши китобҳои нав, рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр, дастранҷи кӯдакону наврасон таҳти шиору овезаҳо ва панду ҳикматҳои хирадмандону бузургони сухан дар ситоиши дурдонаи гаронбаҳо – китоб ба оғози ҳафтаи Фестивали китоби кӯдакону наврасон ҳусну шаҳомати тоза бахшид.
Дар фестивал Абдураҳим Одинаев, мудири шӯъбаи фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб, Сайдамиров Эмомалӣ, намояндаи шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, Файзи Ашур, шоири халқии шаҳри Кӯлоб, Даминзода Хатичамо, директори кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Худойдодова Шарофат, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва меҳмонону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд.
Маросими ифтитоҳи фестивал бо суханронии Абдураҳим Одинаев, мудири шӯъбаи фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб оғоз гардид. Сипас, Сайдамиров Эмомалӣ, намояндаи шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб баромад намуда, қайд карданд, ки “Ҳадафи асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.”
Дар фестивал кӯдакони кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо қироати порчаҳои шеърӣ варақсҳои ҷаззоби худ хотири тамошобинонро болида гардониданд.
Муҳимтарин вазифаи фестивал- арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ-оммавӣ, муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, дастраси кӯдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик тавассути ташкили маърӯзаҳо, дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кӯдакону наврасон, ташаккули фарҳанги иттилоотии онҳо, бедор намудани майлу рағбат ва шавқу ҳаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон, ташкили ярмаркаи китобҳои бачагона мебошад.

Related Articles

Leave a Comment