Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

by admin
85 views
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраи шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист.
Ҳамин аст, ки ҳамасола 30-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил мешавад.
Имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии илмӣ- фарҳангӣ дар мавзуи “Мавлоно ва нақши он дар таълиму тарбияи ҷомеаи башарӣ” бахшида ба “Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои иқтисодӣ Наврӯз Носирӣ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдураззоқ, ассистенти кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳӣ Мирзоев Суҳроб ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, дотсент Расулова Лутфия суханронӣ намуда қайд намуданд, ки “Насиҳатгарӣ ва пандомӯзӣ яке аз анъанаҳои хеле қадими мардуми ориётабор аст, ки умқи таърихи миллӣ реша дорад. Минбаъд суннату анъанаҳои ахлоқӣ ва тарбиятӣ аз насл ба насл гузашта, дар эҷодиёти бузургони илму адабиёти миллӣ тадовум пайдо мекунанд. Зиёда аз ин, тавассути оини тарбиятии бузургони мо халқу миллат ва дар умум, мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, арзишҳои ахлоқиро дар ҷомеа ташвиқу тарғиб кардаанд. Яке аз бузургони илму адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ки дар побарҷо нигоҳ доштани суннатҳои ахлоқӣ ва маданӣ нақши калидӣ доштааст, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад”.
Сипас, номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар дар мавзуи “Мавқеи инсон дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ” ва саромӯзгори кафедраи фалсафа Мирзоев Суҳроб дар мавзуи “Афкори ахлоқии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ” баромад намуданд.
Дар охир аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён порчаҳои шеърӣ аз ашъори ин шоири ширинкалом манзури ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment