Home ХАБАР БЕҲТАРИН ОЛИМИ СОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

БЕҲТАРИН ОЛИМИ СОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
220 views
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, ноиби ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон ва деканону омӯзгорони факултаҳо иштирок доштанд.
Сараввал ректори донишгоҳ Мирализода Абдусалом Мустафо суханронӣ намуданд. Дар чорабинӣ озмуни «Олими беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид. Озмун бо мақсади тарғиби фаъолияти пурсамари олимону омӯзгорон ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар истеҳсолот, баланд бардоштани завқи илмомӯзӣ, такмили фаъолияти ҷустуҷӯи мустақилона, таъмин ва татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботӣ, аз бар намудани донишҳои замонавӣ, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва дарёфти чеҳраҳои лаёқатманди дорои захираҳои илмию зеҳнӣ гузаронида мешавад.
Дар ин озмун Ҷумъахон Алимӣ-доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон барои хизматҳои шоён дар соҳаи илму маориф, омода намудани кадрҳои илмӣ – педагогӣ, тарбияи мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб дониста шуд ва аз ҷониби ректори донишгоҳ бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Related Articles

Leave a Comment