Home ХАБАР МУСОБИҚАИ ДОНИШГОҲИИ ВОЛЕЙБОЛ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД!

МУСОБИҚАИ ДОНИШГОҲИИ ВОЛЕЙБОЛ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД!

by admin
143 views
Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиккистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи парчами миллӣ чунин иброз доштаанд: «Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садорати факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифоии ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ аз санаи 22-юми ноябр то санаи 23-юми ноябр мусобиқаи “Волейбол”-ро роҳандозӣ намуд.
Имрӯз маросими ҷамъбастии мусобиқаи мазкур дар толори варзишии донишгоҳ доир гардид, ки дар он факултети филологияи тоҷик ва журналистика сазовори ҷойи якум, факултети химия ва биология сазовори ҷойи дуюм ва факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ғолибони мусобиқа аз ҷониби садорати факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ бо медалҳо сарфароз гардиданд.

Related Articles

Leave a Comment