Home ХАБАР ОМОДАГИҲО БА ИМТИҲОНҲОИ ДАВЛАТӢ

ОМОДАГИҲО БА ИМТИҲОНҲОИ ДАВЛАТӢ

by admin
258 views

Чунон ки дида мешавад омодагиҳо ба имтиҳоноти давлатӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, ҷиҳати иҷроиши нақшаҳои таълимӣ дар самти мазкур ҳуҷҷатҳои ҳар як донишҷӯ пурра ва мувофиқ ба талаботи мактаби олӣ ба тартиб дароварда шудааст.

Бо супориши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси Шӯрои олимон профессор Мирализода Абдусалом Мустафо гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода шуда, дар факултетҳо, кафедраҳо ва синфхонаҳои таълимӣ, тибқи саволномаи мушаххас ҳолати омодабошии лабораторияҳо, синфхонаҳои компютерӣ ва умуман имтиҳонгоҳҳо мавриди санҷиш қарор дода шудаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар имтиҳоноти давлатӣ аз донишгоҳҳои дигари Тоҷикистон, дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ сарварони имтиҳонҳои давлатӣ вобаста шудаанд.

Барои риояи адолати ҳуқуқӣ бо фармони ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Комиссияи апелиатсионӣ доир гардидааст, ки дар сурати пайдо шудани норизоияти имтиҳондиҳанда, Комиссияи мазкур аризаи донишҷӯро санҷида, хулосаи дуруст мебарорад.

Ҳоло ҳамаи марказҳои имтиҳонотӣ барои гузаронидани сессияи имтиҳоноти тобистона омода мебошанд.

Қобили қайд аст, ки имтиҳоноти давлатӣ ба тариқи анъанавӣ гузаронида мешаванд. (Яъне на ба воситаи компютер.)

Дар донишгоҳ 16 лаборатория фаъолият менамоянд, ки ҳамаашон барои имтиҳонот омода мебошанд. Аз ин шумора 2 лаборатория дар факултаи химия ва биология ва 14 лаборатория дар факултаи физика ва математика ба имтиҳоҳо омода мебошанд. Лабораторияҳо вобаста ба нақшаҳои таълимӣ омода гаштаанд.

Дар сурати рисолаи хатми донишҷӯ ба корҳои лабораторӣ вобаста будан, бо роҳбарии устод озмоиш гузаронида хоҳад шуд.

Related Articles

Leave a Comment