Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои бузургтарин дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва калидиест, ки расидан ба он барои ҳар як миллат шарафи бузург ва масъулияти муҳим ба шумор меравад. Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб намуда, дар таҳкими давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузорад.
Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлат барои рушди устувори иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди инфрасохтор ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсии даврони истиқлолият эҳёи давлатдории миллӣ мебошад. Зеро маҳз дар доираи давлатдории мустақил миллат метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ, шакли идоракунии давлат ва низоми ҳуқуқии миллии худро муайян намояд. Аз ин рӯ, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ падидаи муҳим ва дастоварди беназир маҳсуб меёбад.
Роҳи расидан ба истиқлолияти комил барои Тоҷикистон осон набуд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ихтилофу нофаҳмиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, дар ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Ин воқеаҳои фоҷиабор ба ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расонида, кишварро ба мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ карданд. Аммо, хушбахтона, фарҳанги сулҳпарварӣ ва хирадмандии мардуми тоҷик боло гирифт. Дар тафаккури шаҳрвандон ғояҳои ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшиши якдигар ва умед ба ояндаи дурахшон таҳким ёфтанд.
Барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар аҳамияти бузург дошт. Бо истиқрори сулҳ имконият фароҳам омад, ки ихтилофҳои дохилӣ бартараф шуда, гурезаҳо ба Ватан баргарданд ва заминаи воқеӣ барои бунёди ҷомеаи боамну босубот муҳайё гардад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳамчун намунаи муҳими ҳалли мусолиматомези низоъҳо арзёбӣ гардид.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми мақомоти давлатӣ ва принсипҳои асосии ҷомеаи муосири Тоҷикистонро муайян намуд. Дар баробари ин, давлат соҳиби рамзҳои муқаддаси худ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид, ки онҳо ҳамчун василаи муҳими ифодаи соҳибихтиёрӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ хизмат мекунанд.
Дар давоми 35 соли истиқлолият дар саросари кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат гирифтанд. Бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва талошҳои созандаи мардум дар самти рушди инфрасохтор, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Яке аз самтҳои муҳими рушди миллӣ таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳифзу рушди забон, таърих ва фарҳанги миллӣ низ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳими ҳастии миллӣ ва омили асосии таҳкими худшиносиву ҳувияти миллӣ мебошад. Забон таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва саргузашти миллатро дар худ таҷассум намуда, ҳамчун воситаи муҳими нигоҳдории ҳувияти миллӣ дар тӯли асрҳо хизмат кардааст. Аз ин рӯ, ҳифзи забони давлатӣ, риояи меъёрҳои он, тозагии забон ва рушди забони адабии тоҷикӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯст ба шумор меравад.
Дар даврони истиқлолият ба омӯзиши таърихи миллат, эҳёи арзишҳои миллӣ, расму ойин ва суннатҳои ниёгон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конференсияҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати бузургдошти фарзандони барӯманди миллат бо иштироки олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намуд. Ин иқдомҳо, аз як тараф, ба бедории худшиносии миллӣ ва эҳсоси ифтихори ватандорӣ мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии ҷомеа аҳамияти муҳим доранд.
Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисоди миллӣ низ шароити мусоид фароҳам овард. Татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ — ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ муайян гардиданд. Амалӣ намудани ин ҳадафҳо барои рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, густариши истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳо, пулҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин раванд ба рушди иқтисодии маҳалҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад. Рушди иқтисодӣ дар навбати худ барои таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Бунёди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, аз ҷумла рушди роҳҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои кӯҳистон, сохтмони Нақби Истиқлол, рушди неругоҳҳои барқи обӣ ва идомаи сохтмони НБО-и Роғун аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими созандагӣ ба шумор мераванд. Иншооти бузурги энергетикӣ ва коммуникатсионӣ на танҳо аҳамияти иқтисодӣ доранд, балки барои пайвастани минтақаҳои гуногуни кишвар, рушди тиҷорат ва таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ низ нақши муҳим мебозанд.
Дар баробари рушди иқтисодиву инфрасохторӣ, дар даврони истиқлолият ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Татбиқи ин қонун барои коҳиш додани хароҷоти зиёдатӣ, пешгирии зоҳирпарастӣ ва худнамоӣ, инчунин ташаккули муносибати оқилона ба ҷашну маросимҳо мусоидат намуд.
Ҳамчунин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар самти баланд бардоштани масъулияти оила ва ҷомеа барои тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дошт. Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи муосир мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳои гуногун масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам бештар мегардад.
Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки сиёсати хориҷии мустақили худро ташаккул дода, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратиро ба роҳ монад. «Сиёсати дарҳои боз» яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар давоми солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ муносибатҳои ҳамкорӣ барқарор кардааст. Узвияти фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои иштироки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва муаррифии манфиатҳои миллӣ имкониятҳои бештар фароҳам овардааст.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ташкил медиҳанд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, аз ҷумла эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар соли 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, бахусус масъалаи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, саҳми фаъол дорад.
Дар самти рушди иҷтимоӣ ва маърифатнокии ҷомеа низ дар даврони истиқлолият корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Муҳим он аст, ки муассисаҳои таълимӣ на танҳо аз лиҳози сохтмонӣ навсозӣ шаванд, балки бо таҷҳизоти муосир, технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои техникии замонавӣ таъмин гарданд.
Ҳамаи ин иқдомҳо ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, рушди илм, омӯзиши фанҳои дақиқ, забономӯзӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир равона шудаанд. Дар баробари ин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи соҳибистиқлол мебошад.
Дар маҷмӯъ, истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили давлатсозӣ ва рушди миллиро интихоб намоянд. Даврони истиқлолият бо таҳкими давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти маорифу фарҳанг, густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва татбиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ тавъам аст.
Имрӯз ҳифзи истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Истиқлолият танҳо соҳиб шудан ба давлат ва рамзҳои миллӣ нест, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо меҳнати софдилона, ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ дар ободиву пешрафти Ватан саҳм гузорад.
Истиқлолият барои миллати тоҷик неъмати бебаҳо ва заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанг ва тарбияи насли созандаву ватандӯст муҳимтарин шарти пойдории истиқлолият ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Раҳимова Комила, ассистенти кафедраи томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
