(Аз тантанаи миллӣ то симои Тоҷикистон дар ҷаҳони иттилоот)
Санаҳое ҳастанд, ки танҳо дар тақвим ҷой намегиранд. Онҳо дар хотираи миллат, дар саргузашти мардум ва дар тақдири давлат зиндагӣ мекунанд. 9 сентябр барои миллати тоҷик аз ҳамин гуна санаҳост.
Ҳамасола, замоне, ки ин рӯз фаро мерасад, дар саросари Тоҷикистон парчамҳо парафшон мешаванд, кӯчаву хиёбонҳо либоси идона ба бар мекунанд, майдонҳо пур аз суруду мусиқӣ мегарданд. Аммо дар паси ин ҳама тантана як ҳақиқати бузурги таърихӣ меистад: тоҷикон соҳиби давлати мустақили худ гардиданд ва сарнавишти хешро ба дасти худ гирифтанд.
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Аз он рӯз роҳи нави давлатдорӣ-роҳе пур аз умеду орзу, вале ҳамзамон пур аз санҷишу масъулият, оғоз гардид.
Имрӯз, баъди солҳои зиёд, мо ба истиқлол на танҳо ҳамчун як воқеаи таърихӣ, балки ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ менигарем. Ва ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили он як саволи муҳим пеш меояд: мо истиқлолро чӣ гуна ба мардум ва ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунем?
Ҷавоби ин саволро метавон дар оинаи воситаҳои ахбори омма ҷустуҷӯ кард.
Солҳои аввали истиқлол барои мардуми кишвар давраи басо душвор буданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997 захмҳои вазнин ба пайкари ҷомеа расонд. Кишвар талафоти зиёди инсонӣ ва иқтисодӣ дид, ҳазорҳо оилаҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва орзуҳои бисёриҳо нотамом монданд. Аммо таърих танҳо аз рӯзҳои сахт иборат нест. Дар саҳифаҳои он лаҳзаҳои бузурги пирӯзии ақлу хирад низ ҳастанд.
27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Сулҳ ба Тоҷикистон баргашт ва дарҳои нави зиндагӣ боз шуданд.
Аз ҳамин ҷо метавон яке аз бузургтарин сабақҳои таърихи муосири кишварро, яъне миллате, ки метавонад аз миёни дард ба сӯи сулҳ роҳ ёбад, қодир аст ояндаи худро низ созад, ба чашми сар дид.
Беҳуда нест, ки имрӯз дар маводи расонаӣ дар бораи Истиқлол мафҳумҳои сулҳ, ваҳдат ва субот пайваста ҳамроҳ меоянд. Зеро истиқлол бе сулҳ маънои комил пайдо намекунад ва сулҳ бе ваҳдат пойдор намемонад. Вақте ҷашни Истиқлол фаро мерасад, фазои иттилоотии кишвар низ дигаргун мешавад. Рӯзномаҳо саҳифаҳои худро ба ин сана мебахшанд, телевизионҳо барномаҳои идона таҳия мекунанд, радиоҳо аз таърихи истиқлол ва дастовардҳои кишвар мегӯянд ва расонаҳои интернетӣ ахбору наворҳоро пайваста паҳн менамоянд.
Дар ин миён Хабаргузории миллии Тоҷикистон «Ховар» нақши муҳим дорад. Маводи ин хабаргузорӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва форсӣ интишор меёбанд. Ин маънои онро дорад, ки рӯйдодҳои марбут ба ҷашни миллӣ танҳо барои хонандаи дохилӣ пешбинӣ нашуда, онҳо ба ҷаҳони берун низ роҳ меёбанд.
Маҳз ҳамин ҷо нақши ВАО аз ҳадди як хабаргузори одӣ берун меравад. Расона дигар танҳо хабар намедиҳад, балки симои кишварро нишон медиҳад. Як акс аз майдони идона, як навори кӯтоҳ аз раванди чорабиниҳо, як мусоҳиба бо донишҷӯи ҷавон, як гузориш аз ободиҳои деҳаи дурдаст ё як очерк дар бораи омӯзгори деҳот метавонад барои хонандае дар кишвари дигар тасаввуроти аввалинро дар бораи Тоҷикистон ба вуҷуд оварад.
Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби инъикоси Истиқлол дар ВАО-и ватанӣ он аст, ки ҷашн аз чорчӯбаи пойтахт берун рафта, ба минтақаҳои кишвар мерасад.
Хатлону Бадахшону Хуҷанд ва дигар минтиқаҳои Тоҷикистон дар рӯзҳои идона ба саҳнаи воқеии ҷашни миллӣ табдил меёбанд. Дар ин ҷо чеҳраи дигари Истиқлол, яъне чеҳраи мардумро метавон дид:
Пирамарде, ки бо ифтихор парчами давлатиро ба даст гирифтааст, модаре, ки фарзандашро ба чорабинии идона бурдааст, омӯзгоре, ки дар бораи роҳи тайшудаи кишвар ба шогирдон дарс меомӯзад, ҷавоне, ки бо либоси миллӣ дар саҳна баромад мекунад, ҳамаи инҳо қисматҳои як достони бузурганд.
Аз ин рӯ, ҳар қадар расонаҳо ба ҳаёти воқеии мардум наздиктар шаванд, ҳамон қадар мақолаву гузоришҳои онҳо таъсирбахштар хоҳанд шуд.
Радио ба мо садо медиҳад, рӯзнома ба мо андеша медиҳад, аммо телевизион ба ҷашн чеҳра мебахшад.
Шукӯҳи чорабиниҳои давлатӣ, гузаштҳои низомӣ, иштироки ҷавонону калонсолон дар барномаҳои фарҳангӣ, ороиши кӯчаву хиёбонҳо, парафшонии парчамҳо, ҳамаи ин тавассути тасвир ба эҳсоси бинанда таъсир мерасонад.
Дар замони густариши шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран бар он назаранд, ки рӯзнома аҳамияти худро аз даст дода истодааст. Аммо чунин нест. Рӯзнома метавонад андеша, таҳлил ва вақт барои фикр карданро ба хонанда диҳад, ки хабари кӯтоҳи интернетӣ дода наметавонад.
Нашрияҳои миллӣ, аз ҷумла «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Хатлон», дар рӯзҳои ҷашни Истиқлол бо нашри паёмҳои расмӣ, мақолаҳои таҳлилӣ ва маводи публитсистӣ ба маърифати ҷомеа саҳм мегузоранд.
Мавод дар бораи таърихи истиқлол, рушди давлатдорӣ, парламентаризм, иқтисод, фарҳанг ва маориф имкон медиҳад, ки хонанда ба ҷашн на танҳо бо чашми эҳсос, балки бо чашми андеша низ нигарад. Зеро ҷашни миллӣ танҳо барои шод шудан нест. Ҷашн фурсати андешидан низ ҳаст.
Дар инъикоси рӯйдодҳои марбут ба Истиқлол расонаҳои хусусӣ низ саҳми назаррас доранд. Хабаргузории «Азия-Плюс», аз ҷумла, дар бораи чорабиниҳои идона, маркази тантанаҳо дар шаҳри Кӯлоб ва гузаштҳои низомӣ дар Душанбе гузоришҳо нашр кардааст. Тибқи маълумоти расонаӣ, дар паради ҳарбӣ, ки ҳамзамон ба 30-солагии таъсиси Гвардияи миллӣ бахшида шуда буд, беш аз панҷ ҳазор хизматчии ҳарбӣ иштирок намуданд.
Намоишгоҳи осори ҳунармандони ҷавон дар Осорхонаи миллӣ, ҳамоишҳои марбут ба рушди сайёҳӣ ва сармоягузорӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифтанд. Ин гуна мавод нишон медиҳад, ки Истиқлол танҳо дар парад ва консерт таҷассум намеёбад. Онро метавон дар рушди иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ, эҷодиёти ҷавонон ва дигар самтҳои зиндагии ҷомеа низ дид.
Агар расонаҳои ватанӣ бештар аз дохил ба Истиқлол менигаранд, расонаҳои хориҷӣ бештар аз берун ба он назар мекунанд. Ин ду нигоҳ яксон буда наметавонад.
Расонаҳои хориҷӣ бештар ба муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкории минтақавӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Дар расонаҳои Русия паёмҳои табрикии роҳбарияти ин кишвар ба муносибати Истиқлоли Тоҷикистон васеъ инъикос шуданд. Сомонаи расмии Президенти Русия паёми Владимир Путин ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нашр кард ва баъдан як қатор расонаҳои русӣ низ ба он таваҷҷуҳ намуданд.
Дар Узбекистон ва Қазоқистон низ паёмҳои табрикии роҳбарони давлатҳо ба муносибати ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон расонаӣ гардиданд.
Дар Эрон паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ инъикос ёфт. Ҳамчунин мунаввар шудани бинои таърихии «Озодӣ» дар Теҳрон бо рангҳои парчами Тоҷикистон ба як рамзи зебои дӯстии ду кишвар табдил ёфта буд.
Агентии «Anadolu»-и Туркия низ ба мавзуи Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда, дар маводи худ роҳи кишварро аз ҷанги шаҳрвандӣ то сулҳу субот ва эътирофи байналмилалӣ баррасӣ намуд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ба муносибати ҷашн изҳороти расмӣ пахш гардид, ки дар он, аз ҷумла, ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА дар доираи формати «C5+1» ишора шудааст.
Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки 9 сентябр танҳо як санаи дохилии Тоҷикистон нест. Он ба як мавзуи байналмилалии иттилоотӣ низ табдил меёбад. Шояд яке аз таъсирбахштарин шаклҳои муаррифии ҷашни Истиқлол дар хориҷ равшан кардани биноҳои маъруф бо рангҳои парчами Тоҷикистон бошад.
Дар Берлин, Теҳрон, Риёз, Сеул, Кувайт, Бағдод, Доҳа, Деҳлӣ ва дигар шаҳрҳо чорабиниҳои идона баргузор шудаанд.
Ин манзараҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо паҳн мешаванд. Як бинои машҳур, ки бо рангҳои сурху сафеду сабз медурахшад, метавонад аз ҳазор сухан бештар “Тоҷикистон ҳаст. Тоҷикистон соҳибистиқлол аст. Тоҷикистон дар харитаи сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳон ҷойгоҳи худро дорад” бигӯяд. Ин аст қудрати тасвир дар асри иттилоот.
Имрӯз хабар чанд соат ё чанд рӯз интизор намешавад. Он дар чанд сония аз Душанбе ба Берлин, аз Хуҷанд ба Ню-Йорк ва аз Кӯлоб ба Сеул расида метавонад. Facebook, Telegram, YouTube, Instagram ва дигар платформаҳо инқилоби бузурге дар кори расонаҳо ба вуҷуд овардаанд.
Дар ин баробар бояд ба он таваҷҷуҳ кард, ки суръат ҳамеша ба маънои сифат нест. Дар фазои рақамӣ як хабари нодуруст метавонад дар чанд дақиқа садҳо ҳазор бор паҳн шавад. Як акси куҳна метавонад ҳамчун воқеаи имрӯз пешниҳод гардад. Як ҷумлаи аз матн ҷудошуда метавонад маънои комилан дигар пайдо кунад.
Аз ин рӯ, журналисти муосир бояд на танҳо тезкор, балки ҳақиқатҷӯ бошад. Фактчекинг, санҷиши манбаъ, муқоисаи маълумот ва масъулияти касбӣ имрӯз ба мисли қалам ва микрофон муҳиманд.
Вақте маводи расонаҳои ватанӣ ва хориҷиро муқоиса мекунем, як манзараи ҷолиб ба назар мерасад. Расонаҳои кишвар бештар аз таърих, дастовардҳо, сулҳу ваҳдат, корҳои созандагӣ ва эҳсоси миллӣ менависанд. Расонаҳои хориҷӣ бештар ба дипломатия, муносибатҳои дуҷониба, суботи минтақавӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ мекунанд.
Дар ин роҳ ҳар ду нигоҳ заруранд. Зеро кишвар бояд ҳам худро бишиносонад ва ҳам барои дигарон шинохта шавад.
Аз ин рӯ, ҳар як хабари Истиқлол, ҳар як мақола, ҳар як аксу навор бояд бо дарки масъулият омода шавад. Зеро имрӯз мо барои ҳамзамонони худ менависем, аммо шояд фардо насли дигар аз ҳамин саҳифаҳо дар бораи мо, дар бораи замони мо ва дар бораи Тоҷикистони соҳибистиқлол андеша кунад.
Сафарализода Абдуҷаббор, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
