Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАБИАТИ ҶОВИДОНАИ ВАТАН

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАБИАТИ ҶОВИДОНАИ ВАТАН

by admin
4 views

«Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди сиёсӣ ва таърихии ҳар миллат ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик Истиқлолият на танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсӣ, балки эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии таърихӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани имконияти мустақилона муайян намудани роҳи рушди кишвар мебошад.

Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои бузург, чашмаҳои мусаффо, дарёҳои пуроб, водиҳои сабз ва табиати нотакрор аст. Мавқеи ҷуғрофӣ ва гуногунии релефи кишвар барои ташаккули экосистемаҳои мухталиф заминаи мусоид фароҳам оварда, Тоҷикистонро дорои захираи муҳими биологӣ гардонидааст. Дар ин сарзамин намудҳои зиёди наботот ва ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодир ва эндемикӣ, вомехӯранд.

Аз ин рӯ, Истиқлолияти давлатиро метавон аз дидгоҳи экологӣ ва биологӣ низ арзёбӣ кард: Истиқлолият ба давлат имкон медиҳад, ки сиёсати ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва нигоҳдории гуногунии биологиро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва хусусиятҳои табиии кишвар мустақилона муайян ва татбиқ намояд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои об, таназзули муҳити зист ва таҳдиди нобудшавии баъзе намудҳои биологӣ масъалаи ҳифзи табиат аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст. Имрӯз ҳифзи муҳити зист дигар масъалаи маҳаллӣ набуда, ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ, захираҳои об ва таъмини рушди устувор таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, обу иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ қобили зикр мебошад.

ТАБИАТ — НИЗОМИ ЯГОНАИ ҲАЁТ

Аз нигоҳи биология, ҳаёт низоми мураккаб ва ба ҳам пайваста мебошад. Ҳар як ҷузъи табиат, аз микроорганизмҳо то дарахтони кӯҳӣ, аз ҳашарот то парандагон ва ҳайвоноти нодир, дар нигоҳдории мувозинати экосистема нақши муайян дорад.

Табиати Тоҷикистон низ як низоми ягонаи зинда мебошад. Кӯҳҳо, пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, ҷангалҳо, марғзорҳо ва биёбонҳои баландкӯҳ бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Тағйир дар яке аз ин унсурҳо метавонад ба дигар ҷузъҳои низоми табиӣ таъсир расонад.

Агар пиряхҳо коҳиш ёбанд, низоми обӣ тағйир меёбад; агар ҷангалҳо нобуд шаванд, эрозияи хок меафзояд; агар як намуд аз занҷири ғизоӣ хориҷ гардад, мувозинати экологӣ метавонад халалдор шавад. Бинобар ин, ҳифзи табиат танҳо вазифаи экологҳо ва мутахассисони соҳа нест, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад.

Гуногунии биологӣ маҷмӯи гуногунии генҳо, намудҳо ва экосистемаҳо мебошад. Тоҷикистон бо релефи асосан кӯҳӣ, шароити гуногуни иқлимӣ ва мавҷудияти минтақаҳои табиии мухталиф дорои гуногунии назарраси биологӣ мебошад.

Дар ҳудуди кишвар намудҳои зиёди растаниҳо, ширхӯрон, парандагон, хазандагон, моҳиҳо ва дигар организмҳо мавҷуданд. Қисме аз онҳо аз нигоҳи ҳифзи табиат аҳамияти махсус дошта, ба чораҳои ҳифз ва барқарорсозӣ ниёз доранд.

Аз ҷумла, ҳифзи бабри барфӣ, архар ва бузи пармашох аз самтҳои муҳими ҳифзи гуногунии биологӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳар яке аз ин намудҳо на танҳо ҷузъи олами ҳайвонот, балки унсури муҳими экосистема ва мероси табиии кишвар мебошад.

Муҳофизати намудҳои нодир маънои ҳифзи тамоми муҳити зисти онҳоро дорад. Барои нигоҳ доштани як намуд бояд маҳалли зист, манбаи ғизо ва об, наботот ва робитаҳои экологии он низ ҳифз карда шаванд.

ОБ, ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ ЭКОСИСТЕМАҲО

Дар даврони Истиқлолият масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва дипломатияи байналмилалии Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ масъалаҳои ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро пайваста матраҳ менамоянд. Аҳамияти ин масъала барои Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ниҳоят бузург аст, зеро об яке аз унсурҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти экосистемаҳо мебошад.

Пиряхҳо дар низоми табиии Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Оби аз пиряхҳо ва барфҳои кӯҳӣ сарчашмагиранда барои дарёҳо, кишоварзӣ, экосистемаҳо ва ҳаёти аҳолӣ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, коҳиш ёфтани пиряхҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим метавонад ба низоми обӣ ва тамоми занҷираи экологӣ таъсир расонад.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз ҳамин ҷиҳат аҳамияти на танҳо сиёсӣ ва дипломатӣ, балки амиқи экологӣ ва биологӣ низ доранд. Ҳифзи пирях маънои ҳифзи захираҳои об, экосистемаҳои вобаста ба об ва шароити зиндагии намудҳои сершумори набототу ҳайвонотро дорад.

Дар ин замина эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва роҳандозии чорабиниҳои байналмилалӣ дар ин самт аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

ИЛМ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Ҳифзи гуногунии биологӣ ва муҳити зист бидуни таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисон ва баланд бардоштани маърифати экологӣ имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фарҳанги экологии ҷомеа нақши муҳим доранд.

Ба ҳайси узви ҷомеаи меҳнаии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфта метавонам, ки ин боргоҳи илму маърифат ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар донишгоҳ вобаста ба масъалаҳои Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон нишастҳо, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо ва конференсияҳои илмӣ-назариявию илмӣ-амалӣ баргузор мегарданд. Ин ҳамоишҳо барои табодули афкор, ҷалби олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён ба масъалаҳои мубрами экологӣ ва ташаккули муносибати масъулона ба табиат заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Далели равшани ин гуфтаҳо баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим» мебошад, ки 20 декабри соли 2024 бо ташаббуси факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар кори он олимону донишмандон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, 16 майи соли 2026 дар донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Таъсири партовҳои саноатӣ ба муҳити зист ва экосистемаҳо» баргузор гардид. Дар он масъалаҳои коркарди партовҳо, идоракунии самараноки экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди ҳамкории илм ва истеҳсолот ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа баррасӣ шуданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими илмии соли 2026 дар ин самт баргузории конференсияи байналмилалии «Нақши муассисаҳои ботаникӣ дар ҳифзи гуногунии биологӣ» буд, ки 6 майи соли 2026 бо ташаббуси Маркази илмии Хатлон ба номи Бобоев Тилло Бобоевичи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар конференсия олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва нақши муассисаҳои ботаникиро дар нигоҳдории сарвати табиии кишвар баррасӣ карданд.

Чунин ҳамоишҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар баробари омодасозии кадрҳои баландихтисос ҳамчун майдони муҳими мубодилаи афкори илмӣ дар масъалаҳои ҳифзи табиат ва рушди устувор низ баромад мекунад.

ҶАВОНОН-ВОРИСОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МЕРОСИ ТАБИӢ

Ҷавонон на танҳо ворисони Истиқлолияти давлатӣ, балки ворисони мероси табиии Тоҷикистон низ мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши биология ва экология бояд танҳо бо китобу лаборатория маҳдуд нашуда, ба фарҳанги ҳаррӯзаи муносибати масъулона ба табиат табдил ёбад.

Ҷавони имрӯз бояд дарк намояд, ки партофтани партов ба муҳити зист, нобуд кардани растаниҳо, шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва истифодаи бемасъулиятонаи об метавонад ба тамоми экосистема таъсир расонад.

Баланд бардоштани маърифати экологӣ, дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҳифзи табиат аз роҳҳои муҳими таъмини ояндаи устувори экологӣ мебошанд.

Истиқлолият ба мо на танҳо ҳуқуқи муайян намудани роҳи рушди давлатро медиҳад, балки масъулияти бузург низ мегузорад. Мо соҳиби сарзаминеро ҳастем, ки кӯҳҳои азим, пиряхҳо, чашмаҳои мусаффо, дарёҳои пуроб ва гуногунии ғании биологӣ дорад. Ин сарватҳо моликияти танҳо як насл нестанд; онҳо мероси наслҳои гузашта ва амонати наслҳои оянда мебошанд.

Аз ин рӯ, ҳифзи табиатро метавон яке аз шаклҳои муҳими ватандӯстӣ номид.

Хулоса, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик оғози марҳалаи нави давлатсозӣ гардид. Дар ин марҳала рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувор робитаи ногусастанӣ пайдо кардааст.

Табиат низ як навъи мероси миллӣ — мероси зиндаи миллат мебошад. Ҳар дарахт, ҳар чашма, ҳар паранда, ҳар ҳайвони нодир ва ҳар экосистема арзиши хоси худро дорад ва ҳифзи онҳо масъулияти на танҳо мутахассисон, балки тамоми ҷомеа мебошад.

Дар ин раванд фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди масъалаҳои об, иқлим, пиряхҳо ва ҳифзи муҳити зист дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ аҳамияти назаррас дорад. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим ба таҳкими таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъалаҳои ҳаётан муҳим мусоидат намудаанд.

Имрӯз ҳифзи гуногунии биологӣ вазифаи танҳо олимон ва мутахассисони соҳаи биология нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, ҳар як муассисаи таълимӣ ва тамоми ҷомеа мебошад.

Истиқлолият он гоҳ маънои том пайдо мекунад, ки мо на танҳо давлати худро, балки сарзамин, об, ҳаво, хок, наботот ва ҳайвоноти онро низ ҳифз намоем.

Мо бояд ба наслҳои оянда Тоҷикистонеро ба мерос гузорем, ки дар он кӯҳҳо сабз, чашмаҳо мусаффо, пиряхҳо ҳифзшуда, ҷангалҳо обод ва гуногунии биологӣ пойдор бошад.

Зеро табиати солим-асоси ҳаёти солим, муҳити солим-заминаи ҷомеаи солим ва Истиқлолияти пойдор — асоси ояндаи дурахшони миллат аст.

Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мубораку фархунда бод!

Исуфзода Дилшод Сафармад, номзади илмҳои кишоварзӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи биология ва методикаи таълими он, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment