(Бо илҳом аз суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли маорифи кишвар бахшида ба Рӯзи дониш)
Дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳу муқаддас ва таърихии кишварамон — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе аҳамияти бузурги илмиву маънавӣ ва фарҳангӣ дорад. Ин рӯйдоди муҳим дар оғози соли нави таҳсил на танҳо барои аҳли маорифу таълим, балки барои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон падидаи дорои аҳамияти вижаи сиёсиву иҷтимоӣ ва тарбиявист.
Ин чорабинӣ бори дигар бозгӯи сиёсати маорифпарварона ва дурандешонаи Пешвои маҳбуби миллат дар ҷабҳаи омӯзиши илму дониш мебошад. Зеро дар сиёсати давлатӣ маориф ҳамчун заминаи асосии ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат, неруи зеҳнии миллат ва омили муҳими рушди устувори давлат мавқеи калидӣ дорад. Боиси ифтихори мост, ки ҳамасола оғози соли нави таҳсил бо ибтикори бевоситаи Раҳбари муаззами миллат бо Дарси сулҳ оғоз гардида, дар тамоми гӯшаву канори кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма пахш мешавад ва бо хушнудӣ истиқбол мегирад. Ин иқдом ба як суннати неку созанда табдил ёфта, дар зеҳну шуури насли наврас эҳсоси эҳтиром ба сулҳу ваҳдат, давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро таҳким мебахшад.
Лозим ба ёдоварист, ки мавзуи сулҳ яке аз муҳимтарин мавзуъҳои замони муосир буда, пешравии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он сахт вобастагӣ дорад ва Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошад. Дар шароити мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ки таҳдиду чолишҳои гуногун ба амнияту суботи кишварҳо таъсир мерасонанд, ҳифзу таҳкими сулҳ ва фарҳанги муколама аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Дар чунин вазъият тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳамдигар, ҳамзистии осоишта ва ҳифзи арзишҳои сулҳпарварона вазифаи муҳими ҷомеа ба шумор меравад.
Мавзуи сулҳ яке аз мавзуъҳои меҳварии сиёсати Тоҷикистон мебошад, ки тавассути Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам аҳамияти вижа касб намудааст. Таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи қобили таваҷҷуҳ буда, собит месозад, ки бо иродаи сиёсӣ, хиради миллӣ, майли созанда ба муколама ва эҳтиром ба манфиатҳои умумимиллӣ метавон ҳатто аз марҳилаҳои бисёр душвори таърихӣ бо роҳи сулҳу ваҳдат берун омад.
Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои амалӣ намудани сулҳу субот дар ҷаҳон роҳандозӣ намуда, ҳамчун мамлакати тарафдори сулҳдӯсту сулҳхоҳ боқӣ мемонад. Мавқеи созанда ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба сулҳу амният, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирии низоъҳо ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ аз сиёсати пайгиронаи кишвар дар роҳи ҳифзи сулҳу суботи байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд. Тоҷикистон пайваста ҷонибдори он аст, ки мушкилоти ҷаҳонӣ тавассути гуфтугӯ, ҳамкорӣ, эҳтироми мутақобил ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳаллу фасл карда шаванд.
Воқеан, агар ба роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ назар андозем, ба хубӣ дарк менамоем, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги мамлакатамон аз фазои сулҳу суботи сартосарии кишвар сарчашма мегиранд. Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ ҳамчун пояҳои устувори давлатдории навини тоҷикон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши маорифу илм, фарҳанг ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум заминаи боэътимод гузоштанд.
Мафҳуми сулҳ аҳамияти вижа дорад. Он имконияти дар фазои орому осоишта пеш рафтани ҷомеаи инсониро ифода мекунад. Сулҳ танҳо набудани ҷанг ва низоъ нест, балки муҳити созандаест, ки дар он инсон метавонад озодона андеша кунад, дониш омӯзад, меҳнат намояд, эҷод кунад ва дар ободии ҷомеа саҳм гузорад. Сулҳ заминаи рушди инсон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва татбиқи орзуву ҳадафҳои созанда мебошад.
Сулҳ мафҳуми зиндагӣ кардан, таҳсил намудан, меҳнат кардан, созандагӣ намудан, хушбахтона зистан ва ба оянда бо умед нигаристан аст. Тамоми пешравиҳо, бурдбориҳо ва шодкомиҳо тавассути сулҳ амалӣ мешаванд. Ба ибораи дигар, сулҳ ҳамон фазоест, ки дар он орзу ба ҳадаф, дониш ба қудрати созанда ва меҳнат ба натиҷаи неку шоиста табдил меёбад.
Агар имрӯз кӯдакон бо чеҳраи кушода ба мактаб мераванд, омӯзгорон бо хотири ҷамъ дарс медиҳанд, донишҷӯён орзуи соҳиби касбу ихтисос шуданро мекунанд ва дар саросари кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бунёд мешаванд, ҳамаи ин, пеш аз ҳама, ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳар як синфхонаи нав, ҳар як муассисаи таълимӣ, ҳар як дастоварди хонандаву донишҷӯ ва ҳар як қадами устувор дар роҳи рушди илму маърифат дар асл самараи ҳамон фазои орому осоиштаест, ки ҷомеаи мо ба шарофати сулҳу ваҳдат ба даст овардааст.
Аз ин рӯ, Дарси сулҳ дар оғози соли нави таҳсил танҳо як чорабинии анъанавӣ набуда, балки дарси зиндагӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандист. Ин дарс ба ҳар як хонанда ва донишҷӯ ҳушдор медиҳад, ки сулҳ арзиши бебаҳоест ва ҳифзи он танҳо вазифаи давлату ҳукумат набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Махсусан, насли ҷавон бояд дарк намояд, ки илму дониш, маърифат, фарҳанг ва ахлоқи ҳамида неруҳои бузурги сулҳофаранд.
Дар ҷаҳони босуръат тағйирёбанда ва оламгиршавӣ, ки ҷангу даргириҳову кашмакашҳо зиёданд, мавзуи сулҳ ва татбиқи он аз роҳбарон ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳон сахт вобастагӣ дорад. Раванди барқарории сулҳ аҳамияти бузург дорад. Айни замон Тоҷикистон дар ин бобат бо таҷрибае, ки вобаста ба масъалаи сулҳ дорад, таҳти иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дорои нуфузи баланд мебошад.
Аз рӯзҳои аввали давлатдории навини Тоҷикистон Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун заминаҳои асосии пешрафти ҷомеа муайян карданд.
Маҳз ҳамин пайванди сулҳ, истиқлол ва маорифро метавон дар баргузории Дарси сулҳи имсола ба таври равшан эҳсос кард. Пешвои миллат зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба аҳамияти илму дониш, таълиму тарбия, худшиносии миллӣ ва масъулияти падару модар ҷалб намуда, таъкид доштанд: «Мо бояд ба хотири фардои ободии давлат ва ҷомеа сидқан ба илму маориф рӯ оварем». Ин суханон танҳо як даъват ба донишандӯзӣ нестанд; дар паси онҳо як андешаи бузурги давлатсозӣ нуҳуфтааст.
Дар ҳақиқат, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидии ҷомеаи Тоҷикистон буда, дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, ғамхориҳои пайвастаи ин шахсияти бузурги таърихиро ба соҳаи маориф метавон ҳамчун барномаи сиёсии дарозмуддати рушди захираҳои ақливу зеҳнии инсонӣ арзёбӣ кард.
Аҳамияти бузурги таваҷҷуҳ ва ғамхории Раҳбари маҳбуби кишварро замон ба замон, ҳар рӯз ва ҳар соат метавон мушоҳида намуд. Барои мисол, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо муассисаи таълимӣ бунёд гардида, барои садҳо ҳазор кӯдак шароити муносибтари таҳсил фароҳам оварда шуд. Танҳо дар даврони истиқлол дар кишвар 4135 бинои муассисаҳои таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта ва ба истифода дода шудааст. Танҳо дар нуҳ соли охир дар шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор тарбиягиранда бунёд гардид. Дар баробари ин, ҳар як муассисаи таълимии нав ва синфхонаи муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳои таълимӣ барои кӯдакон имконияти беҳтар фароҳам меорад. Аҳамияти чунин иқдом дар он низ зоҳир мегардад, ки ҳар як озмоишгоҳ метавонад муҳити кашфи истеъдоди як хонанда ва ҳар як китобхона метавонад роҳи як ҷавонро ба сӯи илм боз кунад.
Ифтитоҳи муассисаҳои соҳаи маориф дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми бузурги Пешвои маҳбуби миллат дар пешравии илму дониш мебошад. Дар баробари ин, дар таъкидҳои пайвастаи хеш он кас масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид менамоянд. Чунончи дар суханронии имсолаашон дар Дарси сулҳ иброз доштанд: «Дар таълиму тарбияи фарзанд на танҳо омӯзгорон, балки падару модар низ вазифадор мебошанд, набояд таълиму тарбияи фарзандро танҳо ба зиммаи омӯзгор вогузор намуд». Ин андеша хеле муҳим аст, зеро тарбияи инсон танҳо дар доираи мактаб маҳдуд намешавад; мактаб, оила ва ҷомеа бояд дар як самт амал кунанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар баробари зиёд намудани шумораи муассисаҳои таълимӣ, рушди маориф аз мо сифати баландтари таълиму тарбия ва дониши мукаммалро талаб мекунад. Чунки технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, илмҳои дақиқу табиӣ ва забонҳои хориҷӣ ба бахши ҷудонашавандаи зиндагии муосир табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, дастуру таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, технологияҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ аз нигоҳи дурнамо барои пешравии кишвари мо аҳамияти калон дорад.
Дар баробари дониш ва касбандӯзӣ, ба ҷавонон фаҳмонидани сулҳ ва аҳамияти он хеле муҳим мебошад. Зеро насли имрӯз шояд даҳшати солҳои ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ надида бошад ва барои бисёре аз кӯдакон сулҳ як воқеияти одии ҳаррӯза намояд. Ҳамасола 1-уми сентябр бо Дарси сулҳ оғоз гардидан аҳамияти махсус касб намуда, ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки ба толибилмон ва донишҷӯён фаҳмонанд: сулҳ ва оромӣ худ аз худ ба вуҷуд наомадааст. Дар паси сулҳу суботи имрӯза роҳи пурпечутоби таърих, талошҳои бузург барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои фарзандони содиқи Ватан қарор доранд.
Аз ҳамин нигоҳ, баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли нави таҳсил аҳамияти бузурги маънавӣ дорад, зеро сулҳ на танҳо оромии ҷомеа, балки заминаи асосии созандагӣ, ободкорӣ, пешравӣ, донишандӯзӣ ва рушди ҷомеаи инсонист.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки моҳияти аслии Дарси сулҳ аз доираи як дарси маъмулии мактабӣ хеле фаротар мебошад. Ин дарс моро ба қадршиносии сулҳ, эҳтироми Ватан, ҳифзи истиқлол, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, ҳамчунин рӯ овардан ба илму дониш даъват мекунад.
Таҷлили Рӯзи дониш бори дигар исбот намуд, ки Роҳбари муаззами миллат, Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгир ва сарпарасти бевоситаи соҳаи илму маориф, насли имрӯза ва ояндаи Тоҷикистон дар роҳи омӯзиши илму дониш, дӯст доштани Ватану миллат, ифтихор аз расму анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба ниёгони пурифтихори мо ва таълиму тарбия мебошанд ва барои мову кулли ҷомеаи кишвар ҳамчун роҳнамои некбину хушназар ва роҳбари оқилу маорифпарвар намунаи ибрат ва сарманшаи илҳом дар кору зиндагистанд.
Алишери Абдулмаҷид, дотсенти кафедраи журналистикаи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ
