Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ФАРОЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ — ФАРОЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

by admin
5 views

(Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Сию панҷ сол дар тақвим ин ҳамагӣ сию панҷ гардиши офтоб аст. Аммо дар забони таърихи миллати тоҷик ин як марҳилаи бузург, марҳилаи гузариш аз як сарнавишт ба сарнавишти дигар, аз рӯзҳои пурошӯб ба суботи сиёсӣ, аз парокандагӣ ба ваҳдати миллӣ, аз мушкилоти сангин ба созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Сию панҷ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шумораи солҳо нест. Онро ҳамчун як қисмати муҳими таърихи навини миллат, қисмати эҳёи давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлол, барқарории сулҳу ваҳдат ва болоравии мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маънидод бояд кард.

Дарвоқеъ, Истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо як воқеаи сиёсӣ набуду нест, балки эҳёи ҳуқуқи таърихии миллат барои муайян кардани сарнавишт аст, ки   имкони соҳибватан будан, ҳифзи забону фарҳанг ва бунёди давлати миллиро муҳайё намуд. Ҳаминак, мо метавонем ба таърихи худ бо ифтихор назар кунем. Ба фарҳанги худ такя намоем. Ба фардо бо эътимод қадам гузорем.

Аммо ин офтоби субҳи истиқлол ба осонӣ тулуъ накард. Ҳанӯз давлати ҷавони Тоҷикистон барои таҳкими истиқлоли худ қадамҳои аввалин мегузошт, ки кишвар ба гирдоби нооромӣ кашида шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷомеа захмҳои вазнин расонд. Ҳазорон оила аз ҳам ҷудо гардиданд. Роҳҳои зиндагӣ баста шуданд. Дилҳои мардумро тарсу ноумедӣ фаро гирифт.

Давлате, ки бояд неруи худро барои рушди иқтисод ва беҳбудии зиндагии мардум сарф мекард, маҷбур шуд барои ҳифзи ҳастии худ мубориза барад. Пешорӯи миллат як имтиҳони бузурги таърихӣ қарор дошт. Аммо таърих борҳо собит кардааст, ки миллатҳои дорои решаҳои амиқи фарҳангиву давлатдорӣ дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз қувваи дигаре  пайдо мекунанд. Ва миллати тоҷик низ аз ин имтиҳон гузашт.

Ба бахти миллат дар ҳамин марҳилаи ҳассоси таърихӣ фарзанди фарзонааш — Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи давлатдорӣ зуҳур карда, роҳбарии давлатро дар яке аз душвортарин давраҳои таърихи навини кишвар ба зимма гирифт. Вазифа равшан буд, аммо осон набуд, ҳифзи давлат, барқарории сулҳ, таъмини якпорчагии кишвар ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва шуруъ аз ҳамон рӯзҳои нахустини сарварии Пешвои миллат сулҳ ба ҳадафи асосии давлатдорӣ табдил ёфт.

Сулҳ омад ва бо худ танҳо хомӯшии силоҳро наовард. Он ба ҷомеа имкони зиндагии осоишта бахшид. Роҳҳо боз шуданд. Хонаҳо дубора чароғон гардиданд. Оилаҳо ба ҳам пайвастанд. Кӯдакон боз бо оромӣ ба мактаб рафтанд.

Мусаллам аст, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Дар паҳлуи сулҳ Ваҳдати миллӣ қомат афрохт. Ваҳдат ба сутуни асосии давлатдории навини Тоҷикистон табдил ёфт. Агар Истиқлолият ҳуқуқи сохтани давлати мустақилро фароҳам оварда бошад, Ваҳдати миллӣ неруи нигоҳ доштани онро бахшид. Ваҳдат моро ба як ҳақиқати одӣ, вале бузург расонд.

Пас аз барқарории сулҳу субот Тоҷикистон ба майдони бузурги бунёдкорӣ табдил ёфт. Роҳҳову пулҳо нақбҳо ба воситаи пайванди минтақаҳо табдил ёфтанд. Симои шаҳрҳо ва деҳот ба куллӣ тағйир кард.

Роҳҳо минтақаҳоро ба ҳам наздик карданд. Пулҳо соҳилҳоро пайвастанд. Нақбҳо масофаро кӯтоҳ карданд ва имкониятҳои нави иқтисодиву иҷтимоиро ба вуҷуд оварданд. Тоҷикистон ба ҳам пайваст.

Дар баробари рушди роҳу инфрасохтор масъалаи энергетика низ аҳамияти стратегӣ пайдо кард. Тоҷикистон кишвари кӯҳистон  ва дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад. Табдил додани ин сарват ба неруи рушди иқтисодӣ аз вазифаҳои муҳими давлат гардид. Неругоҳҳо сохта шуданд. Инфрасохтори энергетикӣ рушд кард. Қадамҳо ба сӯи истиқлоли энергетикӣ устувортар гардиданд, ки он ба истиқлоли иқтисодӣ, рушди саноат ва таҳкими иқтидори миллӣ пайванди мустақим дорад.

Истиқлолияти сиёсӣ бе иқтисоди устувор пойдории комил пайдо карда наметавонад. Аз ин рӯ, пас аз барқарории сулҳу субот барқарорсозии иқтисоди миллӣ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат табдил ёфт. Баъдан рушди саноат, таҳаввулоти иқтисодӣ ва саноатикунонии босуръат ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ворид гардиданд. Корхонаҳои нав бунёд шуданд, истеҳсолот густариш ёфт, инфрасохтори иқтисодӣ рушд кард ва имкониятҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд омаданд.

Дар солҳои Истиқлолият пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфтанд, заминаҳои ҳуқуқии давлатсозӣ такмил гардиданд ва ниҳодҳои давлатӣ тадриҷан рушд карданд.

Дар оғози Истиқлолият Тоҷикистон барои муаррифии худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба талошҳои зиёд ниёз дошт. Аммо имрӯз кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи худро устувор кардааст. Муносибатҳои дипломатӣ густариш ёфтанд, робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо кишварҳои гуногун таҳким гирифтанд. Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва сулҳу амниятро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баровард.

Дар ин раванд таҷрибаи худи Тоҷикистон аҳамияти хос дорад. Миллате, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст, имрӯз аз минбарҳои байналмилалӣ аз сулҳу субот сухан мегӯяд. Кишваре, ки бо мушкилоти об ва рушди иқтисодӣ рӯ ба рӯст, аҳамияти обро барои зиндагии инсоният таъкид мекунад. Сарзамине, ки пиряхҳояш дар оғӯши кӯҳҳои баланд ҳазорсолаҳо қарор доранд, имрӯз аз зарурати ҳифзи онҳо барои ояндаи сайёра ҳушдор медиҳад. Дар ин ҷо саҳфаҳои таърих ҷилову маънои нав пайдо намуданд ва таҷрибаи миллӣ тадриҷан ба паёми байналмилалӣ табдил ёфта, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда — солҳои 2027-2036-ро эълон кард. Ин рӯйдодро метавон  идомаи мантиқии сиёсати сулҳофарии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Таҷриба ва  формулаи нодиру беназири сулҳу оштии миллии тоҷикон, ки дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ба даст омада буд, дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аз самтҳои муҳимми тағйири ҷойгоҳи кишвар дар солҳои Истиқлолият маҳсуб меёбад.

Бо ёдрас намудан аз аз шоистагиҳои замони соҳибистиқлолӣ батаъкид бояд иброз намуд, ки симои воқеии миллат дар фарҳанги ӯ — дар забон, адабиёт, мусиқӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳое, ки аз насл ба насл мегузаранд, таҷассум меёбад. Тоҷикистон сарзамини фарҳанги куҳан ва тамаддуни ғаниву оламшумул аст. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷомӣ, Закариёи Розӣ, Хайёми Нишопурӣ ва садҳо чеҳраҳои бузурги илму адаб моро ба таърихи пурғановати тамаддуни башар мепайванданд.

Вале маҳз истиқлолият ба миллати тоҷик имконият дод, ки ин мероси бузургро бо эҳсоси бештари худшиносӣ ҳифз намуда, ба ҷаҳон муаррифӣ кунад. Саразм, мероси бузурги Роҳи Абрешим, Боғи миллии Тоҷикистон ва дигар арзишҳои таърихиву табиии кишвар дар низоми мероси ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро пайдо карданд. Соли 2025 низ «Мероси фарҳангии Хуттали қадим» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Шашмақом, Фалак, Чакан, Оши палав, Наврӯз, Сада, Меҳргон, атласу адрас ва дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ низ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудаанд.

Инҳо танҳо унвонҳои як феҳрист нестанд. Ҳар яке аз онҳо як саҳифаи таърихи миллат ва як нишонаи ҳувияти маънавии тоҷикон аст. Вақте номи фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ садо медиҳад, аз умқи таърих садои асрҳо ба гӯш мерасад. Дар он садои Рӯдакӣ, андешаи Фирдавсӣ ва нури илми Сино эҳсос мешавад. Ин мерос ба ҷаҳони имрӯз хотиррасон мекунад, ки миллати тоҷик танҳо соҳиби давлати соҳибистиқлол нест, балки вориси як тамаддуни бузург низ мебошад.

Шоиста ба таъкиди хос аст, ки паймудани масири ифтихорафзои истиқлолияти Ватан — аз барқарории сулҳу ваҳдат то созандагӣ, аз эҳёи иқтисод то таҳкими давлатдорӣ ва аз густариши муносибатҳои байналмилалӣ то муаррифии фарҳанги миллӣ бо исми мубораки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногустатанӣ дорад.  Унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Пешвои миллат низ дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар ба ҳамин марҳилаи таърихӣ иртиботи вижа дорад.

Имрӯз, вақте ба сию панҷ соли роҳи тайкардаи Тоҷикистон назар меандозем, вазифаи мо танҳо ба ёд овардани дастовардҳои гузашта ва ифтихор аз онҳо нест. Ҳар дастоварди таърихӣ дар баробари ифтихор масъулияти наверо ба дӯши ҳар фарди ватандор ва равшанзамир мегузорад. Он чизе, ки дар тӯли ин солҳо бо заҳмати мардум, иродаи давлат ва талошҳои созанда бунёд гардидааст, бояд ҳифз ва такмил дода шавад, то барои қадамҳои устувортари фардо замина гардад. Иқтисод бояд боз ҳам рақобатпазиру устувор шавад, саноат бояд ба неруи пешбарандаи рушди миллӣ табдил ёбад, илму маориф бояд сармояи асосии ҷомеа гардад ва фарҳангу забони миллӣ ҳамчун решаҳои ҳастии маънавии миллат дар баробари тағйироти замон ҳифз ва рушд ёбанд.

Зеро истиқлолият мафҳуме нест, ки танҳо дар саҳифаҳои таърих боқӣ монад. Он воқеияти зиндаест, ки ҳар рӯз дар муносибати шаҳрванд ба Ватан, дар сатҳи маърифати ҷомеа, дар меҳнати созанда, дар эҳтиром ба қонун ва дар масъулияти мо барои сарнавишти кишвар таҷассум меёбад. Истиқлолият дар он вақт пойдор мешавад, ки ҳар насл онро на танҳо ҳамчун мероси гузашта, балки ҳамчун масъулияти имрӯз ва вазифаи фардо дарк кунад.

  Аз ҳамин ҷост, ки сию панҷсолагии Истиқлолият на танҳо фурсати назар кардан ба гузашта, балки лаҳзаи андешидан дар бораи фардост. Мо ҳақ дорем аз роҳи тайшуда ифтихор кунем, аммо ин ифтихор бояд моро ба масъулияти бештар водор созад. Зеро таърих танҳо бо ёд кардани дастовардҳо нақш гузоштан набуда, онро ҳар насл бо амали худ идома медиҳад.

Оре! Насли имрӯз дар назди таърих вазифаҳои басо муҳим дорад. Насли имрӯз бояд чунин заминае ба вуҷуд оварад, ки насли фардо Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, балки ҳамчун давлати пешрафта, дорои иқтисоди устувор, ҷомеаи донишмеҳвар ва фарҳанги зиндаву таъсиргузор бубинад. Агар истиқлолият барои наслҳои гузашта орзуи давлатдорӣ ва озодии миллӣ буд, барои насли имрӯз он бояд ба мактаби масъулият, меҳнат ва созандагӣ табдил ёбад.

Ногуфта намонад, ки сию панҷ соли Истиқлолият ҳамзамон таърихи азнавсозии кишвар ва мактаби бузурги худшиносии миллӣ низ буд. Тоҷикистон аз рӯзҳои пурошӯби ибтидои истиқлол то ба марҳилаи суботу созандагӣ расид. Роҳҳои нав кишварро ба ҳам наздик карданд, неругоҳҳо ба рушди иқтисод неру бахшиданд, корхонаҳо имкониятҳои нави истеҳсолӣ ва ҷойҳои кориро ба вуҷуд оварданд, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ фазои маънавии ҷомеаро ғанӣ гардонданд. Аммо арзиши аслии ҳамаи ин дигаргуниҳо танҳо дар симои нави шаҳрҳо ва деҳот нест. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар зеҳни ҷомеа эҳсоси соҳибватанӣ, бовар ба неруи худ ва дарки масъулият барои сарнавишти давлат таҳким ёфт. Он чӣ имрӯз ба фарзандон меомӯзем, ҷаҳонбинии ҷомеаи фардоро шакл медиҳад. Ва он арзишҳое, ки имрӯз ҳифз мекунем, метавонанд барои наслҳои баъдӣ сутуни ҳувияти миллӣ бошанд, зеро маънии бузурги Истиқлолият низ дар ҳамин пайванди гузашта, имрӯз ва фардо нуҳуфтааст. Гузашта ба мо сабақ медиҳад, имрӯз аз мо амал мехоҳад ва фардо натиҷаи ҳамин амалро баҳо хоҳад дод. Агар мо сулҳу ваҳдатро ҳифз кунем, давлатдориро таҳким бахшем, иқтисодро рушд диҳем, ба илму маориф такя намоем ва фарҳанги миллиро ҳамчун сарвати маънавии миллат пос дорем, он гоҳ мероси Истиқлолият танҳо хотираи як давраи таърихӣ нахоҳад буд, балки ба неруи зиндаи пешрафти Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.

Истиқлолият барои миллат танҳо дастоварди як рӯзи таърихӣ нест. Он саҳифаест, ки сию панҷ сол пеш кушода шуд, аммо достони пурифтихори он ҳанӯз идома дорад ва сатрҳои заррину муҳимтарини он ҳанӯз дар пешанд. Дар ин муддати сарнавиштсоз, бо хиради азалии халқ, иродаи қавии мардуми соҳибватан ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат саҳифаҳои зиёди ин қомуси муқаддас бо ҳуруфи зарҳалин навишта шуданд. Шоҳкориҳои беназире, ки дар масири давлатсозӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи ваҳдату суботи ҷомеа ва ободии Ватан ба вуҷуд омаданд, имрӯз ба таърихи пурифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтаанд.

Аммо Истиқлолият китобе нест, ки саҳифаҳои он ба анҷом расида бошанд. Баръакс, ҳар субҳи нави Ватан саҳифаи тозаест барои офаридани дастовардҳои нав ва ҳар насли созанда масъулияти навиштани сатрҳои тозаи ин таърихи пурифтихорро бар дӯш дорад. Мутмаинем, ки сатрҳои заррину муҳимтарин, корномаҳои бузург, дастовардҳои беназиру шуҳратафзо ва қадамҳои устувор дар роҳи давлатсозӣ ҳанӯз дар пешорӯи мо қарор доранд.

Итминону бовари мо бар он аст, ки корномаҳои шоистатару бузургтареро дар қомуси Истиқлоли миллӣ ҳар як фарди ин миллати сарафроз бо меҳнат, дониш, садоқат ба Ватан ва масъулият дар назди наслҳои оянда хоҳад навишт.

Шарофат Худойдодова, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment