Имрӯз (19.08.2026) дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими истиқбол ва қадршиносии дорандагони ҷоизаҳои байналмилалӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, сардорони раёсату бахшҳо, садорати факултетҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён дар фазои идона бо гулу гулдастаҳо, табрикоти самимӣ ду ҷавони муваффақи худро, ки дар арсаи байналмилалӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя намудаанд, истиқбол гирифт.
Ин маросими гарму самимӣ ба истиқболи Фариза Исоева ва Муҳаммад Салимов-ду чеҳраи ҷавоне, ки дар рӯзҳои охир ном Тоҷикистони азиз ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакиро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардоштанд, баргузор гардид.
Фариза Исоева, докторанти соли дуюми PhD аз рӯйи ихтисоси биология, дар 19-умин Озмун ва Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъҳои занон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея миёни намояндагони 21 кишвари ҷаҳон сазовори медали нуқра ва дипломи дараҷаи олӣ шуд.
Муҳаммад Салимов, донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, дар дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе дар вазни то 65 кг ҳамаи рақибони худро мағлуб намуда, барандаи медали тилло гардида, унвони Қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.
Дар идомаи чорабинӣ дар бинои маъмурии донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, ғолибонро самимона табрик намуда, дастовардҳои онҳоро натиҷаи истеъдод, заҳмати пайваста ва муҳити созандаи донишгоҳ дониста, дастоварди онҳоро туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуд .
Раёсати донишгоҳ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ҳавасмандсозии ҷавонони соҳибистеъдод иқдоми шоистаи таҳсинро амалӣ намуда, тибқи фармоиши ректор ба ҳар як ғолиб 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва ифтихорнома тақдим намуд.
Ин қадршиносӣ паёми равшани раёсати донишгоҳ ба ҷавонони соҳибистеъдод аст: истеъдод қадр мешавад, заҳмат беҷавоб намемонад ва ҳар дастоварди шоиста дастгирӣ хоҳад ёфт.
Дастовардҳои Фариза Исоева ва Муҳаммад Салимов барои ҷомеаи донишгоҳ мояи ифтихор буда, барои садҳо донишҷӯи ҷавон намунаи равшани талош, матонат ва расидан ба қуллаҳои нав мебошад.
