Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

by admin
22 views

Дар шароити нави рушди ҷомеаи тағйирёбанда, ки фарогири консепсияҳои ҷаҳонишавӣ гардидааст, тамоми давлатҳо ва фарҳангҳоро дар заифиву устуворӣ имтиҳон мекунад ва ин раванд ба ҳама соҳаҳои фаъолияти инсонӣ таъсири мусбӣ ва манфӣ мерасонад.

Бояд ёдовар шуд, ки баъди ҷомеаи пасосаноатӣ тамоми ҷомеаи ҷаҳониро бо таъсири ҷаҳонишавӣ ҷомеаи технократӣ-иттилоотӣ фаро гирифта, ҳаёти рӯзмараи инсон низ ба он вобаста шуда истодааст. Дар ин замина бояд иқрор намуд, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи хусусиятҳои хуб доштанаш боз хусусиятҳои бад ҳам дорад. Махсусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстермистӣ дар ин замина аз хусусиятҳои манфӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ, масъалаҳои киберамният, хусусан, вақте ки сухан дар бораи таъсири терроризм ба ҷавонон ва наврасон меравад, аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Идеологияи миллӣ дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла ҷараёнҳои иттилоотӣ ташаккул меёбад, ки аксар вақт таҳти таҳдиди кибертерорризм қарор мегиранд.

Мушкилот дар он аст, ки ҷавонон, ба хусус наврасон аксар вақт зери таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет қарор мегиранд, ки дар он муҳтавои аз ҷиҳати идеологӣ таҳрифшуда ба осонӣ паҳн мешавад. Гурӯҳҳои кибертеррористӣ аз абзорҳои (асбобҳо) рақамӣ барои ҷалб кардани ҷавонон фаъолона истифода мебаранд, ки таъсири он ба ҳаддест, ки метавонад ба нобудии ҳуввияти миллӣ ва тартиботи иҷтимоӣ оварда расонад.

Шабакаи байналмилалии Интернет рӯз аз рӯз афзун шуда, истифодабарандагони зиёдро ба худ ҷалб менамояд. Махсусан бо зиёд шудани провайдерҳои интернетӣ ва арзон шудани ин шабака тамоми шаҳрвандони дунёро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамзамон гуфтан ба маврид аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет аз ҳамлаҳои ифротгароён ором набуда, тавассути он ҷалб намудани ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ифротӣ аз қабили кибертерроризм, экстремизм ва терроризму дигар гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавонон бештар ба назар мерасад, ки ҳамаи онҳо дар бораи чи гуна истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва дастгоҳҳои рақамиро маълумоти муккамал надорад.

Кибертерорризм ба ташаккули мафкураи ҷавонон, ворид ба фазои иттилоотии онҳо тавассути каналу платформаҳои гуногуни онлайнӣ таъсир мерасонад.

Технологияҳои муосир ба кибертерорристон имконият медиҳад, ки ғояҳои худро муассир паҳн кунанд, ақидаҳои ифротгароиро таблиғ кунанд ва дар байни ҷавонону наврасон ҷонибдорони нав пайдо кунанд.

Яке аз механизмҳои асосии таъсири кибертерроризм ба ҷавонон истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои бозӣ, иртиботи онлайнӣ ва дигар захираҳои интернетӣ мебошад. Илова бар ин, гурӯҳҳои кибертеррористӣ барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, тариқи афкори ҷомеа ва эҷоди симои душманро фаъолона истифода мебаранд.

Кибертерроризм аз воситаҳои технологӣ барои паҳн кардани ғояҳои ифротгароӣ ва радикалӣ, инчунин таъсир расонидан ба шунавандагон, яъне ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳоии онлайнӣ ва дигар плотформаҳои рақамӣ истифода мекунанд. Ин хатари таҳрифи мафкураи миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгароиро ба вуҷуд меорад.

Ҳамин тариқ, кибертерроризм ба ташаккули мафкураи ҷавонон, таъсир ба арзишҳо, эътиқодҳо ва тарзи рафтори онҳо табдил меёбад. Барои мубориза бо ин падида на танҳо таҳкими киберамният, таҳияи стратегияҳои ҳамаҷонибаи муқовимат ба таблиғи ифротгароӣ ва радикализатсияи интернетӣ, инчунин корҳои фаъол оид ба баланд бардоштани саводнокии иттилоотии ҷавонон зарур аст.

Сафарзода Сироҷиддин — донишҷӯи курси 5-уми факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment