Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ МУҲИМИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ МУҲИМИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

by admin
96 views

Истиқлолият дар марҳилаи таърихи навини тоҷикон як дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодихоҳу сулҳпарвар буданд, ки солҳои сол дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули давлату давлатдории худ саъйу кӯшиши беандоза зиёд кардаанд.

 Истиқлолияти давлатӣ масъалаи меҳварии илмҳои сиёсӣ буда, коркарди консепсияи муосир, бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҷдиди назар намудан ба бисёр назарияҳои маъмулиро тақозо дорад. Аз ин лиҳоз таҳқиқи ин раванд ба ҳалли воқеии масъалаи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкимбахшии ҳокимияти сиёсӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоии солҳои 90-ум ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон мушкилии калон пеш оварда буд. Ин буҳрон бо барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омад, ки барои минтақа як вазъияти номатлубе буд. Аз як тараф риштаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ канда шуда, аз тарафи дигар нарасидани ашёи хом ва дигар корхонаҳои саноатӣ боиси ин буҳрон гардиданд. Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои бадастории истиқлолият барои ташаккули пояҳои давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид.

Вақте Тоҷикистон истиқлолияти худро эълом намуд, пайи ҳам чандин мушкилиҳое пеш омад, ки ҷумҳурӣ дар танҳоӣ имкони ҳаллу фасли онҳоро надошт. Оқибати фурӯпошии Шуравӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмадҳои номатлубе дошт, ки он бо ҷанги шаҳрвандӣ анҷомид. Ин мушкилӣ садди роҳи давлату давлатдорӣ гашта, барои кишвар хатари манфӣ расонид. Аз байн рафтани системаи идоракунӣ, набуди таҷрибаи давлатдории мустақилона, тазодду рақобат миёни ҳизбу гурӯҳҳо, рӯз то рӯз шуълавар шудани оташи ҷанг, яъсу ноумедии саросарӣ, беҳокимиятӣ ва ҳаракат ба сӯи як вартаи ҳалокатбор… Чунин буд манзараи ҳузнангези Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 1992.

Баъд аз ин Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуда, дар кишвар базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ таҷдиди назар гардид. Дар ин масъала доштани робитаи наздик бо кишварҳои хориҷ ба хотири амнияти кишвар, таъмини оромӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар яке аз нақшҳои асосии ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мерафт. Бисёр ташаббусҳои сиёсии Роҳбарияти Тоҷикистон, аз қабили тариқи гуфтушунид ҳаллу фасл намудани мухолифати шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997), мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намуданд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати истиқлол ва муносибати дӯстию сулҳҷӯёна Тоҷикистон мавқеву манзалати худро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон устувор намуд. Мусаллам аст, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолият, таъмини амният, беҳбудӣ ва рушду шукуфоии беш аз пеши ҷумҳурӣ ба комёбиҳои назаррас мушарраф мегардад.

Дастовардҳои мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар барқарор намудани сулҳу оромӣ ва пойдории Ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини рушди устувории иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ бо шарофати хиради мардуми соҳибмаърифати тоҷик муяссар гардидааст. Аз ҷумла, бо саъйу талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо ба чунин комёбиҳои назаррас ноил гардида, ҷойгоҳи худро дар марҳилаи нави ҷаҳонӣ ба даст овардааст. Сиёсати пешгирифтаи давлат дар даврони истиқлолият бо ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсият ба қуллаҳои баданд расида, дар рушд ва тавсеаи тамоми соҳаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худ муваффақ гардидааст.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ дар даврони соҳибистиқлолӣ сол то сол вусъат ёфта, ҷойгоҳи назаррасе дар арсаи байналмилалӣ ишғол кардааст. Ва имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад. Акнун замони он расидааст, ки мардум бо дидаи тоза ба оянда нигаранд ва сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд.

Хушбахтона имрӯз Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳанги он дар остонаи ҷашни миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ин ҷашн дар шароите таҷлил гардида истодааст, ки бо таҳким бахшидани сиёсати давлат ва фаъолиятҳои Ҳукумат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои милливу стратегӣ суръати нав пайдо менамояд. Дар ин росто, Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро тақвият бахшида, мавқеи арзандаи ҷаҳониро давра ба давра ба даст оварда истодааст. Ба таърихи соҳибистиқлолии кишвар назар афканда, мебинем ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёде рӯи кор омадаанд. Ин иқдомҳо бо барқарор намудани муносибатҳои байналхалқӣ ба миён омада, бо сарварии Пешвои миллат ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои ҷаҳон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои пешрафт ва боз ҳам вусъат додани соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар сафи кишварҳои ҷаҳон ташаккул меёбад. Чунин ҳамкориҳои густурда барои бо ҳамдигар наздик гардидани муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳоро ба миён меоварад.

Тамоми масъалаҳои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва умуман рушди ҳамкориҳои байналхалқӣ ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди назар қарор доранд. Аз мазмуну муҳтавои ҳар як Паём бармеояд, ки тамоми дастур ва талошҳои Пешвои миллат ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти кишвар, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, пойдорӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ, инчунин баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона шудаанд.

Муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи бузургеро тай намуда, иқтидори худро дар ин самти муҳим ба роҳ монда, сол то сол доираи вазифаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии он васеъ мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки ворид гардидани Тоҷикистон дар ҷараёни муносибатҳои байналхалқӣ дар шароити мушкил сурат гирифта буд. Тоҷикистон собиқаи фаъолияти муносибатҳои байналхалқӣ надошт ва мақомоти роҳбарии он дар муқобили вазифаҳои бисёр мушкиле чун созгор шудан ба вазъияти нави геополитикӣ ва муайян намудани ҷанбаҳои муҳими сиёсати хориҷӣ, ки бо шароити нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ ва мақоми воқеии Тоҷикистони мустақил дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқат дошта бошанд, қарор дошт. Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба шумули масъалаҳои сарҳадӣ аз ҳама гуна зӯрию фишор худдорӣ карда, бо роҳи халқҳои мусолиматомези сиёсӣ авлавияти худро пеша кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба Ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Акнун бояд хотирнишон сохт, ки дар даврони истиқлолият шиносонидани Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил ва озодихоҳ яке аз муҳимтарин бахши давлатсозӣ ба ҳисоб меравад.

Истиқлолияти Тоҷикистон дар шароити тағйирпазирии ҷомеа ҳамчун фарорасии як давраи осоишта ва роҳи расидан ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба назар мерасад. Пойдориву устувории давлати соҳибихтиёр ва густариши худшиносиву худогоҳӣ маҳз устувории пояҳои истиқлолият ба ҳисоб меравад

Нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир бо шарофати истиқлол дар солҳои бисёр ҳам вазнин боло гузашта, боз ҳам итминон дорем, ки мавқеи байналмилалии Тоҷикистон беш аз пеш устувор гардида, иқтисоди кишвар пешрафтатар ва нуфузу эътибори Ватани азиз ва миллати шарофатманди мо афзунтар хоҳад шуд.

Мирзоев Некқадам, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment