Home ХАБАР ДАРСИ СУЛҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАРСИ СУЛҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

by admin
45 views

Мо-устодон, донишҷӯён, аҳли маорифи кишвар, ҳамдиёрони азизу шарафманд соли нави таҳсилро дар фазои ҳамдиливу дастаҷамъӣ бо Дарси сулҳи Пешвои сулҳҷӯю донишвар, Сарвари хирадрою маорифпарвар, ҳомии истиқлолу давлатдории ҳуқуқбунёд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ҳамзамон, аз тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 32-солагии наҷибтарин дастоварди таърихии миллат – Ҷашни Истиқлоли давлатӣ шодкому ифтихормандем.

Умедворем, соли нави таҳсил барои кишвари ободу соҳибистиқлоли мо боз як соли босамари татбиқи Стратегияи миллии рушд, нақшаву барномаҳои таълимӣ, натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии инноватсионӣ дар истеҳсолот гардида, баҳри боз ҳам ободу зебо намудани Ватани азизамон — Тоҷикистони биҳиштмаъво қадамҳои устувор гузошта мешавад.

Боиси шукргузорист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ватани азизу маҳбуби мо роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гардидаанд. Аз самараву баракати Истиқлоли давлатӣ, дар натиҷаи ибтикороти пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати комил, рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ корҳои бузурге амалӣ шуда истодаанд.

Шоёни зикр аст, ки миллати шарафманду соҳибтамаддуни мо дар дарозои таърих аз озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, вале фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро ҳифз ва пайваста равнақ бахшидааст.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш бо баргузории Дарси сулҳ ва истиқбол аз соли нави таҳсил дар саросари Тоҷикистони азиз нишони эҳтироми хосаи давлату Ҳукумат ба соҳаи илму маориф буда, ҳамзамон, роҳнамо ва василаи дилгармии омӯзгорону муҳассилини зинаҳои таҳсилоти мамлакат ҷиҳати касби дастоварду комёбиҳои беназир маҳсуб меёбад.

Мафҳумҳои «дониш» ва «сулҳ» ба ҳам зич тавъам буда, баёнгари асолати таърихии давлатдории миллати деринбунёду соҳибтамаддуни тоҷик аст. Дар тамоми давраҳои мавҷудияти таърихӣ гузаштагони бофазлу дониши мо дар фарҳанги давлатсозиву давлатдорӣ ҷангу муборизаҳои мусаллаҳонаро сахт маҳкум намуда, ҳамеша ҷонибдори фарҳанги сулҳ ва ҳалли мусолиматомези масоили ҷойдоштаи сиёсӣ будаанд. Таҷрибаи талхи ба истиқлол ва ваҳдати миллӣ расидани Тоҷикистони азиз, ки дар миқёси ҷаҳон ҳамчун фарҳанги сулҳ эътироф шудаву барои мамолики ҷангзадаву пурмоҷаро ба ҳайси формулаи ҳалли буҳронҳои сиёсӣ тавсия мешавад, исботи ин гуфтаҳост.

Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки моро зарур аст фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба насли наврасу ҷавон, фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбият намоем. Чунончи, дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд: «Барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму оинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон, инчунин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии онҳо ба хотири таъмин намудани волоияти қонун ва амнияту субот як амри зарурӣ мебошад».

Андешаҳои зерини коршиноси масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ З.Ш.Сайидзодаро оид ба шахсият ва мактаби сиёсии давлатсозиву давлатдории Пешвои миллат метавон бамаврид арзёбӣ намуд: “Пешвои миллат шахсияти варзидаи сиёсиест, ки бо омӯзиши амиқу дақиқ ва корбасти мероси фарҳанги қадимтарини давлатдориҳои ниёгон, таърихи бою рангин, ганҷинаи гаронмояи илмию адабӣ ва маънавию ахлоқии дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи аҷдоди шарофатманди халқамон бинои тарбияи наслҳои имрӯзу ояндаи кишварро поягузорӣ намуд. Аз ин рӯ, Пешвои миллати мо на танҳо пешбару роҳнамои мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин эҷодкори андешаҳои нав, мактаби сиёсии нав ва роҳу равиши нави давлатдорӣ аст. Мактаби сиёсии ин шахсияти бузург мардуми кишварро ба пуштибонии сулҳу ваҳдат, эҷоду устуворсозии низоми одилонаву оқилонаи муносибатҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ҳидоят менамояд. Ин мактаб чароғи роҳ ва нурафкани масири пешрафти кишвар ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон барои марҳилаи кунунӣ ва давраҳои оянда аст”.

Сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки зиёда аз 32 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии хешро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳову аркони давлатдории миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардиданд.

Аҳамияти истиқлолу соҳибдавлатиро бо тамоми тобишҳои таърихиву нақши калидиаш дар суханони зерини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтан мумкин аст: «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад».

Дар ин давра бо азму талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии осоиштаи аҳолӣ корҳои зиёде анҷом пазируфтанд.

Чунончи аз сарчашмаҳо бармеояд, дар доираи 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 24 миллиард сомонӣ беш аз 2400 километр роҳҳо, 326 пули нақлиёту одамгузар, 6 нақби бузург ва беш аз 219 километр роҳи оҳан таҷдиду азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони истиқлолият 287 неругоҳи барқии обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқии бунёду таҷдиду азнавсозӣ гардида, аллакай ду агрегати неругоҳи пуриқтидор, иншооти бузурги аср, лоиҳаи азими гидроэнергетикии Тоҷикистони азиз – НБО «Роғун» дар ҳоли нурафканиву сафобахшист. Сарвари давлат дар баромадҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Дар ин росто, беш аз 3 609 муассисаи нави таълимӣ, литсей, гимназияҳо, мактаби Президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, шумораи таълиму тарбиятгирандагон ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.

Бо баракати Истиқлоли давлатӣ шароити таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст.

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, аз ҷумла ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯҳбаланд гардида, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дарси сулҳ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз сармашқи фаъолият дониста, баҳри татбиқи онҳо пайваста саъю кӯшиш менамоянд.

Қобили қайд аст, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташрифи аввалини номзад ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар санаи 12 октябри соли 1994 ба шаҳри бостонии Кӯлоб ва донишгоҳ ҳамеша дар хотир нигоҳ медоранд. Вохӯрии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар толори Донишгоҳ баргузор шуда, суҳбату мулоқотҳояшон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён мояи ифтихори мудом ва рӯҳбаландии рӯзафзуни омӯзгорону донишҷӯён мебошанд.

Аминем, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои аҳли кишвар ва тоҷикони ҷаҳон чароғи раҳнамоеро мемонанд, мо насли гузаштагони донишандӯзу улҳпарвар, ҷомеаи шарафманди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо ва дастовардҳои рӯзафзуни таърихӣ ноил хоҳем гашт.

Оғози соли нави таҳсил ва тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ки бо Дарси ибратомӯзу илҳомбахши Пешвои сулҳовару маҳбуби миллат, Сарвари маорифпарвар, давлатмарди соҳибмактаб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз ёфта, силсилаи чорабиниҳои муҳташами илмию фарҳангӣ ва сиёсиро дар пай доранд, ҳумоюн бод, ҳамдиёрон!

Дурахшон бод масири илму дониш! Поянда бод Истиқлоли тоҷик!

Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment