Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПЕДАГОГИКАИ ТОМАКТАБӢ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПЕДАГОГИКАИ ТОМАКТАБӢ”

by admin
41 views
Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Педагогикаи томактабӣ”-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз дар назди кафедра маҳфили навбатии он баргузор гардид.
Дар маҳфил Шарипов Бахтовар, мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, Гулмадова Умеда, муаллимаи калони кафедра, Сайдамадова Садбарг, ассистенти кафедра, Ойҷонбии Абдураҳмон роҳбари маҳфили мазкур ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро роҳбари маҳфил Ойҷонбиии Абдураҳмон оғоз намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Гулнисои Саидшариф, донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи “Муаллим ва мавқеи он дар ҷомеа” ва Моҳшарифи Баҳрулло, донишҷӯи курси якуми ҳамин факултет дар мавзуи “Тарбияи ифтихори миллӣ” баромад намуданд. Зимни баромади хеш маърӯзачиён қайд кардан, ки пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад». Дар воқеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад.
Бояд қайд кард, ки маҳфили “Педагогикаи томактабӣ” яке аз беҳтарин маҳфилҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта моҳе як маротиба бо шунидани ду маърӯза баргузор мегардад.

Related Articles

Leave a Comment