Home ХАБАР

by admin
81 views
Қабули Парчами давлатӣ ба таҳкими ҳисси баланди миллӣ, сатҳи худшиносиву худогоҳии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ – замоне ки мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намудем, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши меҳварӣ бозид. Роҷеъ ба ин мавзуъ имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Парчами миллӣ-рамзи соҳибистиқлолӣ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи толори Шӯрои олимони факултет баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва аҳли раёсат иштирок намуданд. Нахуст ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуданд.
Зимни суханронӣ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек қайд намуданд, ки созандагӣ ҳадафи аввалиндараҷаи роҳбарияти донишгоҳ ба шумор рафта, ният дорем, ки ободкориву созандагӣ оянда низ идома ёбад. Аз ҷумла, зикр карданд: “Кӯшиш мекунем, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем”.
Сипас, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Назарзода Пиралӣ дар мавзуи “Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибистиқлол”, муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷик Бадалов Исфандиёр дар мавзуи “Парчам-рамзи ҳастии миллат” ва Мирсаидов Муҳаммаднаим номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзуи “Парчами давлатӣ-кафили рушди устувори иқтисоди миллӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили чунин толорҳои зебову барҳаво дар ҳар як факултет ба нақша гирифта шудааст ва зина ба зина ин созандагӣ идома хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён суханронӣ намуда, ин иқдомро дастгирӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment