Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

by admin
27 views

Cанаи 7.12.23 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва қарз бахшида ба 99-умин солгарди иди касбии “Молиячиён” мизи мудаввар дар мавзуи “Муаммоҳои инкишофи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди рақамӣ” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Мирсаидов Муҳаммаднаим,  номзади илмҳои иқтисодӣ Сафаров Аъзам ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида,  зимни суханронии худ қайд намуд, ки саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатии кишвар беандоза бузург аст. Зеро, дар солҳои аввали истиқлолият дар ҷумҳурӣ буҳрони сиёсиву иқтисодӣ сар зад, ки ҳодисаҳои баамаломада босии хароб гаштани иқтисодиёт ва низоми молияи давлатӣ шуданд. Маҳз, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сулҳу субот ва ташкили низоми муосири идораи давлатӣ муяссар гардид, ки низоми идоракунии молиявии кишвар на танҳо барқарор гардад, балки заминаи боэътимоди ташаккули он баҳри таъмини рушди иқтисоди миллӣ гузошта шавад.

Дар идома мудири кафедра, дотсент Комилов Низомиддин ба сухан даромада, изҳор намуданд, ки ҳуҷҷати асосии системаи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба молияи давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки соли 2011 дар Маҷлиси Олии ҶТ қабул гардидааст ва соли 2013 ба он баъзе тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Қонуни  мазкур ба стандартҳои умумиҷаҳонии қонунгузорӣ комилан мувофиқат намуда, саҳми он дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва аз ҷумла, буҷаи давлатии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад. Мо боварӣ дорем, ки Қонуни  мазкур дар шакл ва таркиби имрӯзааш дар 15-20 соли наздик ҳамчун асоси ҳуқуқии рушди сектори давлатӣ, ташаккули даромадҳои давлатӣ, хароҷоти онҳо ва самаранокии истифодаи чунин хароҷотро таъмин карда метавонад.

Ҳамчунин, дар ҷараёни кори мизи мудаввар мавзуъҳои мубрами соҳаи мазкур, аз ҷумла “Сиёсати молиявӣ дар соҳаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Унсурҳои асосии таҳрезии ташкилотҳои маблағгузории хурд дар шароити иқтисоди рақамӣ”, “Баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ” ва дигар проблемаҳои актуалии соҳа аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар ироа гардиданд.

Сипас, тибқи барномаи таҳрезигардида, дар фарҷоми мизи мудаввар музокирот доир  гардид ва иштироккунандагон доир ба мавзуъҳои зикргардида фикру андешаҳои арзишманди хешро иброз намуданд.

Related Articles

Leave a Comment