Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

by admin
18 views
Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди муаллими калони кафедраи молия ва қарз Сафаров Зулфиқор аз фанни «Ҳуҷҷатгузории бонкӣ» дар мавзуи «Тартиб додани феҳрист ва ташкил додани парвандаҳо дар бонкҳои тиҷоратӣ» дар курсҳои дуюми ихтисосҳои кори бонкӣ баргузор гардид.
Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин, муовини сардори мониторниг ва сифати таҳсилот Ниёззода Беҳрӯз, номзади илмҳои иқтисодӣ Сафаров Аъзам, мутахассиси Раёсати таълими донишгоҳ Яқубов Фирӯз, ҷонишини декан оид ба таълими факултет Давлатов Гулаҳмад ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, дарсро муаллим Сафаров Зулфиқор оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки назариявӣ буд муаллим ба донишҷӯён оиди сохтани нукоти аслии таҳаввул ва инкишофи феҳристи ҳуҷҷатҳои бонкӣ, инчунин баён кардани хусусияти асосии ҳуҷҷатҳо дар бонкҳо маълумот дод.
Инчунин муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои пешниҳодкардаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.
Дар охир мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment