Home ХАБАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ — АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИЛМҲОИ ДАҚИҚ — РУШДДИҲАНДАИ ТАФАККУР»

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ — АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИЛМҲОИ ДАҚИҚ — РУШДДИҲАНДАИ ТАФАККУР»

by admin
188 views

    Дар факултети химия, биология ва география Конференсияи илмӣ — амалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.

     Коференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафархон Рафиев оғоз намуд.

     Барномаи конференсия хеле пурмуҳтаво буда, аз тарафи иштирокдорон мавзӯъҳои зерин мавриди муҳокима арор гирифтанд:

    Саҳми олимони форсу тоҷик дар инкишофи илми химия-Холиқов Сафар., н.и.к., дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он;

   Усулҳои истеҳсоли алюминий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хоҷаев Исроил., докторанти PhD курси сеюми ихтисоси химия;

   Усулҳои истеҳсоли намаки ошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ақназарова Насима., донишҷӯи курси сеюми ихтисоси химия — биология;

   Мушкилоти глобалии ифлосшавии манбаъҳои обӣ дар замони муосир — Мазарипова Меҳрангез, дониишҷӯи курси панҷуми ихтисоси химия-биология.

Related Articles

Leave a Comment