Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

by admin
68 views
Санаи 16-уми ноябр дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Сиёсати байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет Қурбонов Кароматулло, сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, котиби Шурои олимони донишгоҳ Бадалов Исфандиёр, ҷонишини декан оид ба таълим Камолов Фарухрӯз, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Саидова Нилуфар ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет Қурбонов Кароматулло суханро оғоз намуда, ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, қайд намуданд: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд”.
Сипас, Бадалов Исфандиёр котиби Шурои олимони донишгоҳ дар мавзуи “Сиёсати байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, Суярзода Мафтуна магистранти курси якуми факултет дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори фарҳанги сулҳ дар Тоҷикистон” баромад намуданд.
Бояд қайд кард, ки ба донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил мекунанд бо сипоснома ва ифтихорномаи таъсиснамудаи факултет қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ дар васфи Пешвои миллат пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment