Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР. ШАМЪИ ФУРӮЗОНИ ОЛАМ, МУАЛЛИМ

МИЗИ МУДАВВАР. ШАМЪИ ФУРӮЗОНИ ОЛАМ, МУАЛЛИМ

by admin
6 views

Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он мизи мудаввар дар мавзуи «Шамъи фурӯзони олам, муаллим» бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст, мудири кафедра, дотсент Гулруи Суҳроб суханронӣ намуда, оид ба мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа, нақши ӯ дар таълиму тарбияи насли наврас ва саҳми арзандааш дар ташаккули шахсияти соҳибмаърифат ибрози андеша намуд.

Сипас, Ҷӯраев Бобохон, муаллими калони кафедра дар мавзуи «Шамъи фурӯзони олам, муаллим», Бегиев Шариф, муаллими калони кафедра дар мавзуи «Муаллим — устоди таълим ва тарбия» ва Умедҷони Б., ассистенти кафедра дар мавзуи «Муаллим сарвару саркори инсон» маърӯзаҳои худро ба самъи иштирокчиён расониданд.

Дар бахши музокирот иштирокчиён доир ба мақоми омӯзгор, масъулияти касбии ӯ ва аҳаммияти таълиму тарбия дар рушди ҷомеа мубодилаи афкор намуда, андешаҳои худро баён карданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки омӯзгор ҳамчун чароғи маърифат дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва худшиносии насли ҷавон нақши муҳим дошта, эҳтиром ва қадршиносии заҳмати ӯ яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаи босаводу пешрафта мебошад.

Related Articles

Leave a Comment