Home ХАБАР ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ДОНИШГОҲ

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ДОНИШГОҲ

by admin
115 views
Санаи 14 май бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиятшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» 2-юмин озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни -муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи соли сеюми факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Розиқзода Саъдӣ, аз рӯйи равияи «Технологияи иттилоотӣ» (тахасусӣ), зери роҳбарии Шоҳсанами Ризо, саромӯзгори кафедраи илмҳои компютерӣ созовори ҷой сеюм гардид.
Аз ин хотир Раёсати донишгоҳ Розиқзода Саъдиро ба ин муваффақият муборакбод гуфта, барояшон комёбиҳову муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорад.

Related Articles

Leave a Comment