Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУҚУҚШИНОС”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУҚУҚШИНОС”

by admin
24 views
Санаи 9-уми ноябри соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Ҳуқуқшинос”-и назди кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил Қурбонава Заррина ассистенти кафедра, Зардаков Абдурасул, ассистенти кафедра, Мирзоев Некқадам, асистенти кафедра, Шерзод Муҳаммадҷон, ассистенти кафедраи мазкур ва ҳайати омӯзгорону аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.
Сараввал роҳбари маҳфил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Юсупова Нозанин, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи «Ҳуқуқэҷодкунӣ” ва Амрохонзода Ҳадябону, донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи “Низоми шартномаҳои нақлиётӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment