Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ

by admin
87 views
Санаи 24-уми октябр дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он семинари илмӣ- назариявӣ дар мавзуи “Нақшаи бозиҳои серҳаракат дар рушди ҷисмонии хонандагон” баргузор гардид.
Дар семинар мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Нурматов Шарофиддин, саромӯзгори кафедра Қарақулов Алоуддин, муаллими калони кафедра Нурматов Ҳисомиддин, ассистенти кафедра Султонов Исмоил, ассистенти кафедраи маскур Амиров Ёрмуҳаммад ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал мудири кафедра Нурматов Шарофиддин суханронӣ намуданд. Сипас Амиров Ёрмуҳаммад, ассистенти кафедраи маскур дар мавзуи “Маълумот дар бораи пайдоиши бозиҳои олимпии тобистона” ва Нурматов Ҳисомиддин, муаллими калони кафедра дар мавзуи “Нақшаи бозиҳои серҳаракат дар рушди ҷисмонии хонандагон” баромад намуданд.
Дар охир семинар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment