Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

by admin
20 views
 Санаи 25-уми октябр дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври кафедравии муҳокимаи рисолаи диссертатсионии хатмкардаи зинаи докторантураи PhD-и кафедраи илмҳои компютерии донишгоҳ Сулаймонов Убайдулло Исматуллоевич дар мавзуи “Мукаммалсозии механизми фаъолияти таълимӣ-тадқиқотии бакалаврҳо дар низоми таҳсилоти фосилавӣ (дар мисоли МТОК ҶТ)” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Ҳамид Маҷидов) баргузор гардид.
Дар муҳокима декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо, мудири кафедраи методикаи таълими информатика, номзади илмҳои педагогӣ Сафаров Сайтоҷиддин ва аъзоёни кафедраҳои мазкур иштирок намуданд.
Муҳокимаи рисолаи номзадии хатмкардаи зинаи докторантураи PhD Сулаймонов Убайдулло Исматуллоевич бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторанти PhD ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment