Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПАДАРУ МОДАРОН

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПАДАРУ МОДАРОН

by admin
101 views
  Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд мебошад. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.
Дар ин росто имрӯз дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Кумитаи падару модарони донишҷӯёни факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 гузаронида шуд.
Дар ҷаласа мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, номзади илмҳои таърих Хоимуродзода Меҳрафрӯз, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Каримов Исроил ва падару модари донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар сӯҳбат бо падару модарон таъкид гардид, ки Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд. Фарзанд меваи умри инсон мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд. Одоб аз илм афзал аст. Пас, вазифаи аз ҳама асосии мо ин бошад, ки фарзандонамонро дар роҳи хубу одоб ва хулқи накӯ парвариш намоем
.
Дар охир ба падару модароне, ки фарзандашон бо баҳои хубу аъло ва тарбияи намунавӣ таҳсил мекунад бо сипосномаи таъсиснамудаи факултет қадрдонӣ карда шуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.

Related Articles

Leave a Comment