Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
112 views
Санаи 20-уми июни соли равон дар доираи лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ “TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ” дар донишгоҳ тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар тренинг муовини ректор оид ба таълим, дотсент Холиқзода Айниддин, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, шарикони аврупоӣ Наташа Урбанчикова ва Отто Ҳудетс аз Донишгоҳи техникии Кошитсеи Словакия, Рейндхолд Шолд ва Сандра Эйтлер аз Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ (Вена, Австрия) иштирок намуда, оид ба паҳлуҳои асосии лоиҳа тариқи рӯнамо суханронӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии лоиҳаи “TRIGGER” мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид ва беҳтар намудани ҷараёни кортаъминкунии хатмкунандагон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Тренинг дар доираи бастаи кории 1-и лоиҳа, ки “Баланд бардоштани сатҳи таълим ва рушди малакаҳои соҳибкорӣ” номгузорӣ гардидааст, баргузор гардид. Мавзуи асосии тренинг усулҳои беҳтаргардонии вазъи таҳсилоти соҳибкорӣ дар донишгоҳҳои шарик, бартараф намудани норасоиҳо байни талаботи малакаҳои ояндаи бозори меҳнат ва пешниҳоди таҳсилоти соҳибкорӣ, мутобиқаткунонии эҳтимолии дониш, малакаҳо ва омӯзиши таҷрибаи шарикони аврупоӣ ба шумор меравад.

Related Articles

Leave a Comment