Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

by admin
94 views
 Санаи 3-уми сентябри соли ҷорӣ дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи молия ва қарз мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши забони давлатӣ дар рушди маорифи миллӣ” бахшида ба 5-уми октябр “Рӯзи забони давлатӣ” ва Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҷаҳонгир Рустамшо, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ Комилов Низомиддин, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдураззоқ, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Саидова Нилуфар, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Раҳматов Умедҷон, муаллими калони кафедраи мазкур Сафаров Зулфиқор, муаллими калони кафедра Холиқзода Аҳлиддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, декани факултет, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи забон ва ҳафтаи омӯзгор шодбош гуфта, қайд намуданд, ки “Забон беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат аст. Борои он ки номи миллат аз саҳифаҳои таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш забонро ҳифз кунем ва онро ҳамчун волотарин арзиш ба наслҳои оянда ба мерос гузорем”.
Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”, дотсент Ҷаҳонгир Рустамшо дар мавзуи “Рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлолият”, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Раҳматов Умедҷон дар мавзуи “Омӯзгорон роҳнамои боэътимоди ҷомеаанд”, муаллими калони кафедра Сафаров Зулфиқор дар мавзуи “Нақши забони давлатӣ дар раванди корӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ”, муаллими калони кафедра Холиқзода Аҳлиддин дар мавзуи “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон” баромад намуданд.
Дар охир мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва музокираҳои омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment