Home ХАБАР ВОХӮРИ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

ВОХӮРИ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
108 views
 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст. Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.
Ба ин хотир, имрӯз дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Кумитаи падару модарони донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа декани факултет Қурбонов Кароматулло, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, ҷонишини декан оид ба таълим Камолов Фарухрӯз, ҷонишини декан оид ба тарбия Табаров Шеравган ва падару модари донишҷӯён ширкат намуданд.
Дар суҳбат бо падару модарон таъкид гардид, ки ояндаи миллат аз таълиму тарбияи дурусти фарзанд аст. Аз ин хотир, волидони имрӯзаро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф нашуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.
Дар охир падару модарон аз рафти дарси донишҷӯён ва шарту шароите, ки донишгоҳ барои онҳо муҳаё кардаанд, дидан намуданд. Инчунин, аз таҳсили фарзандонашон пурсон шуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.

Related Articles

Leave a Comment