Home ХАБАР ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

by admin
84 views
Санаи 18-уми августи соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ бо раисии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва бо иштироки муовинони соҳавии ректор, деканҳои факултетҳо, роҳбарони сохторҳо ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати донишгоҳ баргузор гардида, дар он масоили марбут ба омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2022-2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар кори ҷаласа пешниҳодҳои муовинони соҳавии ректор шунида шуда, роҷеъ ба омодагиҳо дар самти таълим, илму инноватсия, тарбия, муносибатҳои байналмилалӣ, корҳои таъмиру тармим, ободкориву кабудизоркунӣ қарорҳои мушаххас қабул карда шуд.

Related Articles

Leave a Comment