Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

by admin
19 views

Санаи 27-уми феврал дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он Бегиев Шариф дар гурӯҳи таълимии 304-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ аз фанни машқи хат дар мавзуи “Усули омӯхтани хат –ҳарф, ёд додани навишти ҳарф, ҳиҷо, калима ва ҷумла” дарси кушод баргузор гардид.

Дар дарс садорати факултет ва ҳайати устодону омӯзгорон иштирок доштанд.

Дарсро муаллим Бегиев Шариф тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс оид ба « Усули омӯхтани хат –ҳарф, ёд додани навишти ҳарф, ҳиҷо, калима ва ҷумла» маълумоти муфассалу ҷолиби диққатро ироа намуданд.

Зимнан дар рафти дарс муаллим ба ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ саволҳо пешниҳод намуда, дар навбати худ донишҷӯён фаъолона ба саволҳои муаллим ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Дар интиҳои дарс иштирокчиён изҳори андеша намуда, дарси муаллимро хуб арзёбӣ гардид.

Related Articles

Leave a Comment