Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
11 views
Дар воқеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст. Омӯзгор дар рушду нумӯъ ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург дорад. Аз ин рӯ имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рисолати касбӣ ва миллии омӯзгор дар замони муосир” баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки имсол дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор омӯзгорон ба сини мубораки 80-солагӣ расидаанд. Аз он ҷумла Иброҳимов Грез, дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, ки имсол ба ин сини муборак расидаанд ва конфронс ҳам ба мавлуди ин устоди гиромиқадр рост омад.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Мирализода Абдусалом Мустафо, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ профессор, Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда қайд намуданд, ки “Омӯзгор хушбахтии худро танҳо дар комёбии шогирдонаш медонаду вақте як толибилм бо истифода аз донишу хирад муваффақ мегардад, ифтихор менамояд. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад”.
Сипас муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, Шарофат Худойдодова дар мавзуӣ “Ҳаёт, фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии Иброҳимов Грез” баромад намуданд. Баъдан, тариқи онлайн ду тан аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ профессор Нуров А. Дар мавзуӣ “Мақоми муаллим дар замони муосир” ва Л.В.Оринина, доцент кафедры педагогического образования и документоведения ФГБОУ ВО «МГТУ им. Г.И.Носова» дар мавзуӣ “Билингвизм как основа формирования этнической толерантности современной молодежи” суханронӣ намуданд.
Воқеан, меҳнату заҳмати омӯзгорон аст, ки имрӯз ҳар яке хондану навиштанро баладему бо ифтихору сарфарозӣ равонаи роҳе ҳастем. Талошу кӯшиши онҳост, ки имрӯз касбу ҳунарҳои гуногунро омӯхтаву дар ҷодаҳои хеш комёбу муваффақем. Фидокории онҳо дар роҳи таълиму тарбия аст, ки имрӯз аҳли башар соҳибдониш асту дар ҳар кору пайкоре аз донишу хиради солим истифода мебаранд. Муҳаббати илмомӯзии онҳост, ки имрӯз дар қалби ҳар яки мо меҳри дониш ва илму маърифат ҷойгир асту бо самимият пайи илмомӯзием. Ва дар ниҳоят онҳоянд, ки бо гуфтору рафтор ва кирдори баланди инсонӣ барои ҳар яки мо намунаанд.

Related Articles

Leave a Comment