Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

by admin
100 views
Санаи 16-уми марти соли равон дар факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявии ассистенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Моҳшариф Ёқубова дар гурӯҳи 203-и ихтисоси химия-биология дар мавзуи “Наврӯз- иди ниёгони мо” баргузор гардид.

 

Дар дарс Имомов Зафар, сармутахассиси шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, Холов Сино, ҷонишини декан оид ба таълими факултет, Бозоров Ҳасан, ҷонишини декан оид ба тарбия ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ҷонишини декан оид ба таълим Холов Сино оғоз намуда, ҳозиринро ба ин ҷашни байналмилалӣ табрик намуданд. Сипас, роҳбари гурӯҳ Моҳшариф Ёқубова баромад намуданд. Зимни баромадашон қайд карданд, ки “Наврӯз ҳамчун Соли нав дар қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон по ба арсаи вуҷуд ниҳода, дар масири ташаккулу инкишофаш давраи боззоии мудовими табиат ва аз ин тариқ, ҷараёни таквини оламро дар худ таҷассум намуда, дар тӯли асрҳо гоҳ давраҳои номусоиду тундбодҳои решабарандози замона ва гоҳо фазои неку авзои мувофиқу мусоидро аз сар гузаронида, то бар рӯзгори мо омада расидааст. Ин ҷашни мардумӣ, ки аҷдоди орёии мо бароямон мерос гузоштааст, ифодаи ҳувийяти миллию фарҳангие мебошад, ки шахсияти афроди ҷомеаи ҳамаи наслҳои таърихии мо бо ширкату васлат ба он ҳиссагузор мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои солонаи аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиюу хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.”
Сипас, донишҷӯён барномаи омоданамудаи худро, ки “Наврӯз- иди ниёгони мо” унвон гирифта буд, пешкашӣ ҳозирин намуданд.

Related Articles

Leave a Comment