Home ХАБАР ФАКУЛТЕТИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2021

ФАКУЛТЕТИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2021

by admin
109 views
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озмун таҳти унвони «Факултети беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмун ин ҳавасмандгардонии сохторҳои донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани мақоми онҳо, ҳавасманд намудани онҳо дар рушди қобилияти илмию эҷодӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботии муосир, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад.
«Факултети беҳтарини сол» аз рӯи дастовардҳои шоёни илмӣ, таълимӣ, тарбиявию ахлоқӣ, фарҳангӣ, қобилияти эҷодӣ, навоварию ихтироъкорӣ, фаъолияти ҷустуҷӯӣ, техникӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо дар давоми сол муайян карда мешавад.
Барои ташкил ва гузаронидани Озмун дар донишгоҳ кумитаи тадорукот ба ҳайати раис, котиб ва аъзои он таъсис дода шуд.
Ғолиби озмуни “Факултети беҳтарини сол» факултети филологияи тоҷик ва журналистика эълон гардид.
Декани факултет Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад аз тарафи ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Related Articles

Leave a Comment