Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
90 views
Санаи 17.02.2022 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Мусоҳиба жанри маъмултарин дар ВАО» баргузор гардид.
Дар семинар Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи журналистика, Холова Ғалатӣ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, Одинаева М.Ҳ. номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи журналистика, Муродов Ҷамил ва Гадоева Фирӯза ассистентони кафедра иштирок намуданд.
Мувофиқи нақшаи семинари илмӣ-назариявӣ ассистенти кафедра Гадоева Фирӯза баромад намуда истифодаи жанри мусоҳибаро дар ВАО яке аз маъмултарин жанрҳои журналистика арзёбӣ намуд. Ҳамзамон доир ба қоидаҳои гузаронидани мусоҳиба дар ВАО-ро шарҳ дод.
Дар рафти семинар омӯзгорони кафедра Сафарзода Манучеҳр ва Одинаева Марҳабо доир ба маърӯзаи ироагардида пешниҳоду тавсияҳои хуб доданд.

Related Articles

Leave a Comment