Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

by admin
76 views
Дар замони муосир тарбияи насли худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ва дорои фарҳангу маънавиёти баланд яке аз масъалаҳои муҳиму асосӣ ба шумор меравад, зеро танҳо насли бо донишу соҳибкасб ва меҳандӯсту худогоҳ ин марзу буми аҷдодиро обод карда метавонад.
Аз ин рӯ, имрӯз дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълим конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Фаъолияти якҷояи мактаб ва оила дар тарбияи хештаншиносии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълим номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, доктори илмҳои педагогӣ Иззатова Муҳаббат, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Холова Ғалатӣ, мудири кафедраи фанҳои табиӣ, риёзӣ ва методикаи таълими он Акбарова Маҳрамбӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълим Бозоров Хушвахт, номзади илмҳои педагогӣ Фархуддинов Юсуф, саромӯзгори кафедраи мазкур Абдуҷаббор Сафаралиев, саромӯзгори кафедра Ёрматов Алишер ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал дотсент Шералиева Садбарг суханронӣ намуда, қайд карданд: “Барои рушду тавсеаи андешаи миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, боло бурдани фарҳангу маънавиёти онҳо нақши аҳли ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи тоҷик, ниҳодҳои марбута, бавежа, зиёиёну омӯзгорон бузург аст ва онҳо бояд ин рисолаи муҳими бар дӯш доштаи худро бо камоли ихлос, меҳру муҳаббат ва донишу маҳорат ба иҷро бирасонанд. Аз ин рӯ, омӯзгору зиёии асил дар замони муосир бояд масъулияту вазифаи худро дар омӯзишу парвариши насли ояндасози кишвар комилан дарк намояд ва ҳамвора саъю кӯшиш кунад, ки ҷавонони имрӯза дар ҷодаи худшиносию худогоҳӣ ба арзишҳои муқаддаси миллию динӣ, Модар, Меҳан, Президент ва Истиқлол, ки ҷавҳари ҳастӣ ва бунёдии миллату давлати мост, арҷ гузоранд”.
Сипас, Бозоров Хушвахт, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо дар мавзуи “Нақш ва ҷойгоҳи мафҳуми хештаншиносӣ дар адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик”, Ёрматов Алишер, саромӯзгори кафедра дар мавзуи “Заминаҳои асосии тайёрии мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ дар рӯҳияи хештаншиносӣ тавассути осори мутафаккирони ниёгону муосир”, Гиёев Тоҳир, донишҷӯи курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзуи “Нақши коллективҳои педагогӣ, оила ва аҳли ҷомеа дар тарбияи хештаншиносии хонандагон”, Сафарова Дилсадо, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Мафҳуми хештаншиносӣ ҳамчун падидаи адабӣ, фалсафӣ ва психологию педагогӣ” баромад намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment